Оилаи бузурги сомонаи Оила. ТЧ боз ҳам калонтар шуда, чанд лаҳза пеш хушхабари тавлиди боз як тифли навзод расид. Дар оилаи хабарнигори минтақавии сомонаи Оила. ТЧ
Фаррухҷон Усмонов шаби гузашта ҳодисаи фараҳбахше рӯй дода, ин журналисти ҷавон соҳиби шоҳписари нозанин гашт.
Ин тифлаки хушпою қадам тақрибан соатҳои 23-и шаби 19 ба 20 –уми феврал дар таваллудхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Вилояти Суғд бо вазни 3 килою 550 грам ба дунё омадааст ва табибон вазъи саломатии модару кӯдакро мӯътадил арзёбӣ мекунанд.
Ин фарзанди дуюми журналисти ҷавон буда, духтарчаи калонии Фаррухҷон 2 солаву ҳаштмоҳа мебошад.
Мо аз номи кулли кормандони сомонаи Оила. ТЧ тавлиди шербачаро ба Фаррухҷон Усмонов самимона табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Офаридгор ба ин тифлаки хушпою қадам умри дарози Саъдиёна, зиндагии пурнишоти Ҳофизона ва бахти сафеду қадами сабзу рӯйи сурху сари баландро орзу мекунем. Бигзор мисли падараш ҷавонмарди бо ору номус ва ватандори асил гашта, ҳамчун фарзанди номвар ва номбардори миллат ба ин сарзамин хизмат намояд.