Дар кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсии пойтахт боғчаи нави бачагона бо номи “Боғи мурод” ба фаъолият шурӯъ намуд.
Тавре ки Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар додааст, кӯдакистони мазкур барои 450 кӯдак пешбинӣ шуда, барои атфол дар боғчаи нав тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Дар саҳни боғча чор айвончаи замонавӣ ва мавзеъҳои муҷаҳҳаз барои бозии кӯдакон бунёд гаштаанд.
Ба кӯдакистони “Боғи мурод” кӯдакони аз 1,5 то 6-сола қабул карда мешаванд. Дар баробари машғулияти таълимӣ дар ин ҷо кӯдакон ҳамчунин забонҳои русию англисиро меомӯзанд, донишҳои аввалини математикиро аз худ менамоянд, бо санъат ва мусиқӣ ошноӣ пайдо карда, барои таҳсил дар мактаб омода мешаванд. Ба инкишофи нутқи кӯдакон диққати ҷиддӣ дода шуда, ҳамзамон бачаҳо дар боғчаи нав бо таэквондо машғул мешаванд.
Бо шарофати ба фаъолият шурӯъ намудани кӯдакистон нав 20 нафар соҳиби ҷой кор гаштанд.
Дар панҷ соли оянда бо дастури сарвари давлат дар Тоҷикистон бунёд намудани 800 боғчаи бачагона ва беш аз 1000 мактаб ба нақша гирифта шудааст.