arzon replenishment
Дар назди занам гунаҳкорам, вале...
1235


Се сол аст, ки дар Русия кор мекунам. Сабаби ба ин ҷо омаданам бефарзандиям аст. Таънаи хешу табор ва ёру дўстонам маро муҳоҷир кард.

Хешовандонам талаб доштанд, ки талоқи занамро дода, зани дигар бигирам, вале ман ин корро накардам, чунки аниқ медонам, дар бефарзандиамон вай не, ман гунаҳкорам.

Бемории ман табобатнашаванда аст. Сода карда гўям, тухмдонҳоям иллат доранд, бенасл ҳастам. Дар Ватан табобат гирифтам, нашуд, бо умед ба Русия омадам, вале дар ин ҷо ҳам ба дардам даво наёфтанд. Ҳамсарам то имрӯз сирру асрори маро пинҳон карда, аз хешу табор хуб гап шунид. Барои ин садоқаташ аз ӯ як умр миннатдорам.

Худованд чашидани лаззати бахти ҳақиқиро ба мо насиб накарда будааст, вале намехоҳам бо гуноҳи ман занам як умр аз чашидани лаззати ширини эҳсос модар будан маҳрум бимонад.

Барои ҳамин мехоҳам ба хонаи падараш баргашта шавҳар кунад, шояд аз марди дигар ҳомиладор шуда, лаззати бахти ҳақиқиро мечашад.

Тоби дидани ашки чашмонашро надорам, барои ҳамин ба занам гуфтаниям: “Маро бубахш, ки туро хушбахт карда натавонистам! Метавонӣ ба хешу таборат бигӯӣ, ки шавҳарам мард набуд, ҳамин қадар сол мо мисли ду дугона зиндагӣ кардем, вале аз ту як хоҳиш дорам-ҳаргиз дуои бадам макун!

Аз ҷонам бештар дӯстат медорам, вале аз ин муҳаббати бе суд чизе ҳосил намешавад, ҷонам! Маро фаромӯш кун. Дуо мекунам, ки бо ёри нават хушбахт бигардӣ!”

Шавҳарат Б.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД