arzon replenishment
Дар назди фарзандонам қадр надорам
4919

 

Ман модарам, модари 10 фарзанд. Ҳамаи онҳоро дар солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ хонондам, нагузоштам гурусна бошанд. Ҷигарбандонам дар фасли сармо хунук нахӯранд гуфта, худам либос дӯхта ба онҳо пӯшондам. Бо мурури замон фарзандонам калон шуданд. Онҳоро бо орзуву ҳавас хонадор кардам, алҳол соҳиби хонаю дар ва зану фарзанд мебошанд. То ба ҳанӯз ҳар луқмаи нонро бо ҳар кадоми онҳо тақсим мекунам. Ҳар чизе дилашон хоҳад, муҳайё мекунам. Аммо вақтҳои охир дар дили фарзандонам як бемеҳрие пайдо шудааст, ки модар будани маро фаромӯш кардаанд. Дар дилхоҳ камбудии кӯчак ҳамаашон ба наздам омада, ҷанҷол мебардоранд. Чунон бо ман дағалӣ мекунанд, ки ҳар нафаре онҳоро бубинад, бовар намекунад, ки ман модар ва онҳо фарзандони ман ҳастанд. Ҳарчанд фикр мекунам, гуноҳи худро пайдо карда наметавонам. Намедонам дар куҷо, ба кадом хатогӣ роҳ дода бошам, ки фарзандонам чунин муносибатро нисбати ман раво мебинанд. Баъзан фикр мекунам, ки фарзандони падарам аз фарзандони худам дида, бамеҳртар ва баномустар ҳастанд. Ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Аз баҳри фарзандонам гузашта, ба хонаи бародаронам равам?

Г, аз н. Варзоб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД