Commerc banl
Дар километри 55-уми роҳи Душанбе-Чаноқ кӯҳпора лағжидааст
05.03.2026
Oila.tj
90

Чанд лаҳза пеш дар километри 55-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ лағзиши кӯҳпора ба қайд гирифта шудааст. Хушбахтона, дар натиҷаи ин ҳодиса ба ягон нафар ё воситаи нақлиёт осеб нарасидааст.

Бо расидани хабар техника ва кормандони ширкати IRS фавран ба маҳали ҳодиса сафарбар шуда, сангрезаҳои ба роҳ рехташударо бартараф намудаанд.

Гуфта мешавад, ки айни замон дар баъзе қитъаҳои роҳ борону барф идома дорад. Бо вуҷуди ин, барои таъмини ҳаракати бехатар ва муназзами воситаҳои нақлиёт тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Ҳоло ҳаракати нақлиёт дар ин масир пурра барқарор буда, роҳ боз аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД