Arzon march 2024
Дар Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2025» доир мегардад
13.05.2025
Oila.tj
411

12-14-уми июни соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2025» ва Форуми имконоти тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақа баргузор мегардад.

Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2025» майдони хуб барои пешниҳод, баррасӣ ва таҳияву татбиқи лоиҳаҳо буда, дар он ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногунро муаррифӣ менамоянд ва барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.

Ҳадафи намоишгоҳ дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, тавсеаи ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД