Дар саҳни мактаби русӣ-тоҷикии ба номи А. П. Чехов дар шаҳри Хуҷанд муҷассамаи нависандаи рус Антон Павлович Чехов гузошта шуд.
Бино ба иттилои “Русский дом”, дар чорабинӣ Консули генералии Русия дар Хуҷанд Сергей Ланкин, муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода, роҳбари “Русский дом” дар Хуҷанд Татяна Мудрова, директори мактаби русӣ-тоҷикии ба номи А. П. Чехов Мубинахон Хоҷаева ва ҳамзамон ректори Донишгоҳи давлатии педагогии Алтай Ирина Лазаренко иштирок кардаанд.
Мактаби русӣ-тоҷикии ба номи А. П. Чехов дар шаҳри Хуҷанд яке аз 5 мактаби миёнаи русӣ дар Тоҷикистон аст, ки аввали моҳи сентябри соли 2022 ифтитоҳ шуд.