Ба саволҳои хонандагони «Оила» Адвокат Иноят Иноятов ҷавоб медиҳад. Доир ба машварати ҳуқуқии оилавӣ ва баҳсҳои ҳуқуқии оилавӣ метавонед ба телефони боварии адвокат 98-517-02-21 занг занед.
Савол: Оё шавҳар ҳангоми ҳомиладор будани зан бо даъво оиди бекор намудани ақди никоҳ ба суд муроҷиат намуда метавонад ё не?
Шабнам, шаҳри Турсунзода.
Мувофиқи талаботи Кодекси оила, шавҳар ҳуқуқ надорад, ки ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним соли пас аз таваллуди кӯдак бе розигии зан ба суд оиди бекор кардани ақди ақди никоҳ даъво пешниҳод намояд. Зимнан, ёдрас менамоем, ки маҳдудияти мазкур нисбат ба шавҳар татбиқ намегардад, агар дар мўҳлати зикршуда зан аз тарбияи фарзанд даст кашида, шавҳар бевосита ба тарбияи фарзанд машғул бошад, ё зан ташаббускори бекор кардани ақди никоҳ бошад.