35 years of independency
Дар Эквадор коҳин бар асари афтидани салиби бузург ба ҳалокат расид
20.10.2026
Оила
64

Дар Эквадор коҳин бар асари афтидани салиби бузург ба ҳалокат расид

Дар шаҳри Гуаякили Эквадор ҳодисаи фоҷиабор рух дод. Коҳини католикӣ Патрисио Алфредо Санчес Молинари ҳангоми баргузории маросими ибодат дар калисои «Бонуи Ёрии Доимӣ» бар асари афтидани салиби бузурги чӯбин ба ҳалокат расид.

Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, салиб ногаҳон аз ҷойи насбшуда канда шуда, ба болои коҳин афтодааст. Ин ҳодиса ҳангоми пахши мустақими маросими ибодат сабт гардида, навори он баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст.

Ҳозирини калисо фавран барои кӯмак ба коҳин шитофтанд, аммо, бо вуҷуди талошҳо, ҷони ӯро наҷот додан муяссар нашуд.

То ҳол сабабҳои канда шудани салиб ва рух додани ин ҳодисаи фоҷиабор расман эълон нашудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД