gazprom august 2025
Дар Душанбе Маркази ҷумҳуриявии илмии онкологӣ навсозӣ мешавад
15.09.2025
Oila.tj
90

Байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати австриягии «AME International GmbH» (AME), воқеъ дар Вена Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаи ҳамкорӣ зимни вохӯрии Ҷамолиддин Абдуллозода ва намояндагони ширкати австриягии «AME International GmbH» (AME) ба имзо расидааст.

Ҷонибҳо доир ба расонидани хизмати тиббӣ ба беморони онкологӣ, саломатии модару кӯдак ва дигар масъалаҳо мубодилаи афкор намудаанд.

Иттилоъ дода шудааст, ки дар доираи ин созишнома ширкати “AME International GmbH” нақша дорад лоиҳаи мукаммал - навсозии Маркази ҷумҳуриявии илмии онкологиро дар шаҳри Душанбе тартиб диҳад. Таъсиси муассисаи саратоншиносии сатҳи байналмилалӣ, ки табобати бемориҳои саратонии калонсолону кӯдаконро фаро мегирад, дар пешгирии ин беморӣ нақши муассир хоҳад гузашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД