Имрӯз, 29-уми октябр дар меҳмонхонаи “Hyatt Regency”-и шаҳри Душанбе конфронси минтақавии барномаи “Солимии ягона” бо мақсади пешгирии пандемия, устувории низоми озуқаворӣ ва саломатии экосистема дар Осиёи Марказӣ баргузор гашт.
Чорабинии мазкур бо ибтикори Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ, Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (CAREC) ва гурӯҳи чорҷонибаи созмонҳои “Саломатии ягона”, аз ҷумла Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО), Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ), Созмони Ҷаҳонии Беҳдошти Ҳайвонот (WOAH) ва Барномаи минтақавии Созмони Милали Муттаҳид (UNEP) баргузор гашта, дар кори он намояндагони расмии сохторҳои давлатии кишварҳои Осиёи Миёна, ташкилотҳои гуногуни хориҷӣ, намояндагон ва олимони соҳаи тандурустӣ, биологҳо, экологҳо, журналистон ва дигар шахсони ба масоили ҳифзи муҳити зист ва саломатӣ ҳавасманд ширкат доштанд.
Дар оғози конфронс муовини сарвазири Тоҷикистон хонум Дилрабо Мансурӣ, Директори бахши Осиёи Миёнагии Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Наҷи Бенхассин (онлайн), намояндаи ФАО дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ доир ба ташаббуси чоҳорҷонибаи “Солимии ягона” ҷаноби Виорел Гутсу, директори иҷроияи РЭЦЦА ҷаноби Барит Махмедов иштирок ва баромад намуда, дар боби зарурати амалӣ намудани барномаи минтақавии “Солимии ягона” барои тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади пешгирии пандемия, устувории низоми озуқаворӣ ва саломатии экосистема дар минтақа фикру андешаҳояшонро иброз доштанд.
Зимни баромадҳо сухан дар боби пайдоиши потогенҳои гуногуне, ки хатари ба бемориҳои мухталифи сироятӣ, аз ҷумла бурселёз, зукоми паранда, сӯхтанӣ ва дигар касалиҳои гузаранда гирифтор шудани ҳайвонот ва одамонро ба вуҷуд меоранд, устуворӣ ба дорувории зиддимикробӣ ва мушкилоти бехатарии озуқаворӣ рафта, таъкид карда шуд, ки рафтуомади пайвастаи мусофирон, парандаҳои кӯчӣ, ки села-села аз як кишвар ба кишвари дигар парвоз мекунанд, тағйирёбии иқлим ва рушди савдои маҳсулоти кишоварзӣ метавонад боиси паҳн гаштани бемориҳои мухталиф гардад, вале татбиқи амалии барномаи “Солимии ягона” дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад сар задани пандемияҳоро пешгирӣ намуда, саломатии одамон ва ҳайвонотро ҳифз намояд ва боиси рушди низоми озуқаворию тиҷорати маҳсулоти кишоварзӣ гашта, ҳамчунин ба ҳифзи муҳити зист мусоидат намояд.
«Солимии ягона» як консепсияи муштараки байнисоҳавӣ буда, робитаи зичи байни саломатии инсон, саломатии ҳайвонот ва муҳити зистро инъикос менамояд. Консепсияи мазкур ба ҳамоҳангсозии табибон, байторон, экологҳо ва сиёсатмадорон барои пешгирӣ ва вокуниш ба хатарҳои мухталифи ба саломатии ҳайвонот ва одамон таҳдидкунанда, ба мисли COVID-19, зукоми паранда ва ғайра равона гардидааст.
Тавре Наҷӣ Бенҳасин, Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ қайд кард: "Барномаи «Солимии ягона”, ки тавассути Фонди омодагӣ ва вокуниш ба ҳолати фавқулодаи (HEPR) Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, бо мақсади кумак ба кишварҳои минтақа дар тақвияти хизматрасонии тандурустии ҷамъиятӣ ва байторӣ дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии кишоварзӣ, густариши тиҷорати чорво ва маҳсулоти хӯрокворӣ дар дохили Осиёи Марказӣ ва берун аз он ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар барои аҳолии босуръат афзояндаи минтақа пешбинӣ шудааст".
Конфронси мазкур як иқдоми муҳим дар роҳи таҳкими амнияти саломатӣ, устувории системаи ғизо ва ҳифзи экосистема тавассути усули ягона дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, 3 рӯз идома хоҳад ёфт.