Arzon march 2024
Дар Душанбе боз як шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва кӯдак ифтитоҳ ёфт
30.05.2025
Oila.tj
102

Дирӯз, 29-уми майи соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази саломатии шаҳрии №15”-и шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи шуъбаи дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва кӯдак баргузор гашт, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои миллӣ оид ба инкишофи барвақтии кўдакон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Кетрин Мери Рассел, роҳбарияти Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва кормандони соҳа иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, ки шуъбаи мазкур бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорию дастгирии зич бо Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати ткндурусӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, пас аз пазироии гарму самимии меҳмонон дар Маркази саломатии шаҳрии №15 вохӯрии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Кетрин Мери Рассел баргузор гашт, ки зимни он ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфуз дар соҳаи тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Сипас, меҳмонон аз рафти фаъолияти шуъбаи навтаъсис дидан ба амал оварда, бо шароит ва имкониятҳои мавҷудаи он шинос гаштаанд.

Тавре иттилоъ дода шудааст, фаъолияти шуъбаи мазкур се соҳаи муҳим - тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоиро бо ҳам муттаҳид менамояд ва нақши калидии онро муносибати ба оила асосёфта ташкил медиҳад.

- Ифтитоҳи шуъбаи навбатии дастгирии ҳамаҷонибаи оила ва кӯдак барои фаро гирифтани ҳар як кӯдак дар ҷойи истиқомати онҳо мусоидат намуда, яке аз роҳҳои асосии пешгирии ҷойгир намудани кӯдакон дар муассисаҳои будубоши доимӣ ва ё ҷудошавии кӯдак аз оила нақши муҳимро мебозад ва ба беҳтар намудани сифати зиндагии ҳаёти кӯдак таъсири мусбат мерасонад,- меафзояд манбаъ.

Зикр гардид, ки хонум Кетрин Мери Рассел дар навбати худ аз дастовардҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистон давоми чанд соли охир ёдовар шуда, иброз доштааст, ки Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) минбаъд низ ҳамкориҳоро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ, махсусан саломатии модарону кӯдакон идома медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД