Зани хушбахте, ки чоргоник
ба дунё овардааст кист?
Дирӯз дар таваллудхонаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе боз як зани тоҷик чоргоник ба дунё овардааст. Ин дуюмин ҳодисаи таваллуди чоргоник дар моҳи январи соли равон мебошад.
Мувофиқи хабарҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шудаанд, чоргоникҳо 3 духтару 1 писар буда, тариқи ҷарроҳии чоки қайсар ба дунё омадаанд. Вазни тифлакони навзод аз 1 киллою 800 грам то 2 килою 200 грам будааст.
Номи зани хушбахте, ки чоргоник ба дунё овардааст, ҳанӯз ифшо карда намешавад.
Ёдрас мешавем, ки санаи 15-январ дар ноҳияи Хуросон як зани дигар чоргоник таваллуд карда буд. Миҷгона Асоева якбора ду духтару ду писар ба дунё овард, вале ҳолати кӯдакон то ҳол миёнавазнин арзёбӣ карда мешавад.