Ду сабаби асосии лимити барқ дар фасли зимистон ва баҳор вуҷуд дошт, ки резиши об дар рӯдхонаи Вахш дар моҳи январ 17 фисад ва дар моҳи март 32 дарсад кам шуд, ки бо иқтидори пурра кор намекарданд. Сабаби дуюм, дар 7 соли охир истифодабарандагони неруи барқ аз ҳад зиёд шудаанд.
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ин бора дар нишасти хабарии имрӯза маълумот дод.
Зикр гардид, ки ҷамъоварии маблағҳо аз ҳисоби истифодаи неруи барқ аз ҳисоби аҳолӣ 933,2 млн сомонӣ иҷро гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 141,5 млн сомонӣ зиёд аст.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ арзиши миёнаи неруи барқ 36,2 дирамро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,9 дирам зиёд мебошад.