Arzon march 2024
Далер Назаров ба осебдидагони тарма дар Бадахшон кӯмак мерасонад
22.02.2023
ОИЛА
482


Далер Назаров-ин ном дар сар то сари Тоҷикистон барои хурду калон ошно ва азиз аст. Ин устоди санъати мусиқии эстрадии тоҷик тасмим гирифтааст, ки рӯзи 11- март дар шаҳри Душанбе барномаи рангини ҳунарӣ барпо намуда, як қисми маблағ аз ин консерт ба даст омадаро ба осебдидагони офати табиӣ дар Бадахшон бубахшад.

Консерти Далер Назаров дар Кохи Суруш” шоми 11-март, соати 18.00 барпо мегардад, вале мухлисони ин сарояндаи машҳур аз тамоми гӯшаи канори олам имкон доранд, ки чипта харида, ин барномаи зебои ҳунариро тариқи онлайн дар формати FullHD тамошо кунанд. (Ссылкаи http://www.clickstars.online) Арзиши чипта тахминан 690 рубли русиро ташкил медиҳад.
Тавре ки Асилшо Акимбеков, директори генералии агентии Clickstars дар сӯҳбат бо Анна Мифтахова гуфтааст, як қисми маблағи консерт ба осебдидагони тарма дар Бадахшон фиристода мешавад, зеро дар чунин рӯзҳои душвор кӯмак кардан ба зарардидагони офати табии қарзи инсонии ҳар кадоми мост.
“Ҳадафи мо аз ташкил кардани ин барномаи консертӣ муттаҳид намудани одамон сарфи назар аз миллат, мавқеи ҷуғрофӣ, дин ва забон аст, зеро мусиқӣ сарҳад надорад. Маъмулан баъди консерт мухлисон Далерро ба оғӯш гирифта, изҳори миннаттдорӣ менамоянд ва бо дидани ин манзара дили кас моломоли ифтихор мегардад” –гуфтааст Акимбеков.
Дар барномаи консертӣ ҳам таронаҳои машҳури Далер Назаров, ки онро мухлисон баробари ин устоди санъат месароянд ва ҳам сурудҳои наве садо медиҳанд, ки аранжировкаи хеле аҷиби замонавӣ доранд. Тавре ки масъулин гуфтаанд, дар ин барнома дар радифи дастаи Далер Назаров ҳамчунин гурӯҳи “Шамс” низ иштирок хоҳад кард. Далер Назаров пас аз ин барнома ба сафари ҳунарӣ баромада дар шаҳрҳои калони Русия, аз ҷумла дар Маскав ва Санкт-Петербург консерт медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД