Олимони Чин тӯли қариб 30 сол тадқиқот гузаронида, ба хулосае омадаанд, ки чойнӯшӣ умри инсонро дароз мекунад.
Дар тадқиқот ҳазорон нафар ихтиёриён ширкат варзида, натиҷаи он собит намудааст, ки дӯстдорони чой нисбат ба шахсоне, ки ошиқи қаҳва ва нӯшокиҳои газнок мебошанд, камтар ба бемориҳои дил ва рагҳои хунгарди он гирифтор шуда, умри дарозтар мебинанд. Натиҷаи ин тадқиқот дар маҷаллаиEuropean Journal of Preventive Cardiology нарш шудааст.
Тадқиқоти мазкур дар доираи лоиҳаи China-PAR (Prediction for atherosclerotic cardiovascular disease risk in China) ҳанӯз соли 1998 оғоз ёфта, мақсад аз он муайян намудани омилҳои хатарноке мебошад, ки боиси рушди бемориҳои дил ва рагҳои хунгари он мегарданд.
Дар тадқиқот 100 902 нафар ширкат варзидаанд, ки ба бемориҳои дил, инфарк, инсулт ва саратон гирифтор набуданд. Олимонро онҳоро ба 2 гурӯҳ ҷудо кардаанд: онҳое, ки пайваста чой менӯшанд ва онҳое, ки бештар қаҳваю обҳои газнок нӯшида, танҳо ягон-ягон чой менӯшиданд. Дар рафти татқиқот маълум шуд, ки одамони пайваста чой менӯшида ба бемориҳои хатарок аз қабили инсулт, инфарк ва саратон хеле кам гирифтор мешаванд ва умри дарозтар мебинанд. Шумораи одамони дарозумр дар байни чойдӯстон назар ба ошиқони қаҳва 13% бештар будааст.
Хоҳед, ки солим бошед ва умри дароз бинед, ба ҷойи қаҳва ва обҳои газнок чой нӯшед!