Commerc banl
Чойхонаи миллии “Сирдарё”-ро навсозӣ мекунанд
11.03.2026
Oila.tj
11

Ба истиқболи ҷашни фархундаи миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чойхонаи миллии “Сирдарё”, ки дар соҳили дарёи Сир ҷойгир аст, пурра таҷдиду навсозӣ карда мешавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо лоиҳа таъкид намудааст, ки корҳои сохтмонӣ бояд бо истифода аз нақшу нигори миллӣ ва унсурҳои хоси меъмории тоҷикӣ ба роҳ монда шаванд, то иншоот намои зебо ва ҷолиби фарҳангиро касб намояд.

Зикр гардидааст, ки бо ибтикори роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд ба бунёд ва барқарорсозии чойхонаҳои миллӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир мегардад.

- Навсозии чойхонаи миллии “Сирдарё” имкон фароҳам меорад, ки ҳунару фарҳанг, анъанаҳо ва таомҳои миллии мардуми тоҷик ба меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба таври шоиста муаррифӣ гардида, ҳамзамон барои истироҳати сокинону меҳмонони шаҳр шароити мусоид фароҳам оварда шавад,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД