toyota motors
“Чоршанбесурӣ” ва оинҳои дигари наврӯзии мардуми Эрон
22.03.2026
Oila.tj
228

Эрон гаҳвораи Наврӯз ба ҳисоб меравад ва дар ин кишвар онро бо шукӯҳи хоса ҷашн мегиранд.

Чанд ҳафта қабл аз иди Наврӯз эрониҳо гандум сабз карда, бо он хонаҳоро оро медиҳанд. Гандуми сабз нишонаи сарсабзӣ аст, онро 13 рӯз баъди соли нав дар хона нигоҳ дошта, баъд ба дарё мепартоянд. Чоршанбеи охирини қабл аз Наврӯз чун анъана дар кӯчаҳо оташ мегиронанд, ки нишонаи рӯзи нав ва хушбахтӣ дар соли нав аст. Инро “Чоршанбесурӣ” мегӯянд. Одамон дар ин рӯз бо шавқ аз болои оташ парида, нидо мекунанд: «Сурхии рӯятро бидеҳ, зардии рӯямро бигир!».

Барои он ки тамоми орзуҳо ҷомаи амал пӯшанд, дар шаби Наврӯз хӯроки махсусеро тайёр мекунанд, ки аз писта, нахӯди бирён, бодом, чормағз, биринҷ, ғулинг, мавиз омода шуда, аз қадим дар кишвари Эрон муқаддас маҳсуб меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД