Arzon march 2024
Чеҳраи мурдаи 8300 соларо аз нав барқарор намуданд
1027

 

Намуди зоҳирии як бачаи 15-сола, ки 8300 сол пеш дар Норвегия зиндагӣ мекард, дубора барқарор карда шуд
Як навраси 8300-солаи мезолит дар осорхонаи Ҳа Гамле Престегард дар ҷануби Норвегия реконструкция карда шуд. Дар ин бора нашрияи Live Science хабар медиҳад.

Бостоншиносон дар як ғор, ки ба давраи асри санги миёна тааллуқ дорад дар коммунаи Рандаберги Норвегия ҷасади як наврас бо лақаби Вистегуттенро кашф кардаанд, ки дар забони норвегӣ маънои "писари Висте"-ро дорад. Муҳаққиқон гузориш додаанд, ки косахонаи сари ин бачаи 15-сола ғайриоддӣ мебошад.

Косахонаи сари ӯ хеле барвақт калон шудааст ва ба ҷои паҳлӯ ба ақиб калон шудани сар аз он шаҳодат медиҳад, ки ин наврас гирифтори бемории скафосефалия будааст. Олимон мегӯянд, ки баландии қади бача 1,25 метр буда он ҳатто барои давраи мезолит афзоиши хурд ба ҳисоб меравад. Боқимондаҳои скелети кӯдак аз солим ва серғизо будани ӯ шаҳодат медиҳанд.

Археологҳо дар ин маконҳамчунин боқимондаҳои зиёди ҳайвонотро ёфтаанд. Ин нишон медиҳад, ки дар он замон ғизои кофӣ мавҷуд буд. Дар ҷои ҳодиса партовҳои ошхона, ороишоти устухонӣ ва асбобҳои моҳидорӣ низ пайдо шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД