Formula novemver 2024
Чебурек ( пирожки) бо алафҳои баҳорӣ
1621


Ҳозир ки фасли баҳор аст мехоҳем, ки таомҳои баҳорӣ ё бо алафҳои баҳорӣ омодашударо бештар истеъмол кунем.

Айёми баҳор ва дар вақти Ифтор истеъмол кардани пирожкиҳои алафӣ хеле сабукхӯр ва хушхӯр буда, дар баробари ин организмро бо витаминҳо таъмин мекунад. 

                        Маҳсулоти лозима:
Шир – 300 мл
Орд – 450-500 грам
Равғани растанӣ – 2 қошуқча
Намак – 1 қошуқча
Кабудӣ, (исфаноҷ, пӯдина)
Пиёз – 3-4 дона
Тухм – 1 дона
Маска – 2 қошуқча

                          Тарзи таҳия:
Дар зарф шир, намак, равғани растанӣ ва орд илова карда, омехта мекунем. Пасон, болои хамирро пӯшонда, 30 дақиқа дам медиҳем. Барои қиммаи алафии дарунаш пӯдина, исфаноҷро реза карда, дар зарфи алоҳида мегирем. Дар тоба каме равғани растанӣ рехта, пиёзро реза карда меандозем ва каме маска илова карда, дар оташи паст бирён мекунем баъдан дар зарфи пӯдинадошта андохта, намак, мурч, тухм илова карда, хуб омехта мекунем.

Сипас, зуволаро тунук карда мебурем ва қиммаи алафиро дар байнаш гузошта мепечонем ва дар тоба пирожкиҳоро мепазем. Пирожкиҳо ки пухтанд ба зарф мегирем ва бо зверабой ёлечо истеъмол мекунем.
Иштиҳои том ба шумо!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД