Formula novemver 2024
Чаро Шукрбону калтакалос таваллуд кард? (қисми 2)
01.05.2022
Оила
2418

Рўзи тўйи Асолату Гадоӣ тамоми деҳа хурсандӣ мекарданд, мўйсафеди Анҷир ҷомаи беқасабашро пўшидаву миёнашро баста, хуб най навохт, кампири Зулайхо куртаи нақшини зебо ва докаи гулбаст ба сар карда, ҳай рақсиду ҳай рақсид. Ў дар сари домоду арўс қанду чормағз пошиду ба хотири ширин шудани зиндагияшон ба онҳо ширу асал чашонд.

Асолату Гадоӣ бисёр ҷуфти зебо буданд, кампири Зулф чашм мерасад гўён, ҳар субҳ онҳоро испанд дуд медод. Зиндагии ду навҷавон хеле ширин оғоз ёфт, Асолат дар мактаб кор мекарду Гадоӣ бошад, деҳқонӣ мекард. Арўси хушпайи қадам ба хонадони кампири Зулф баракату ободонӣ овард, навхонадорон пули ёфтаашонро ҷамъ карда, аввал хонаву дари нав сохтанд, ҷойи кулбаҳои лоини бобоӣ, баъд барои Гадоӣ мошини он вақтҳо машҳури «Жигули» гирифтанд. Кампири Зулф, шукронаи зиндагии ободу осудаи писару келинашро карда, ба даргоҳи Худо зорӣ мекард, ки як донаашро сад дона кунад. Асолат акнун директори мактаби деҳа буду даҳҳо нафар ба наздаш барои маслиҳат меомаданд. Аз тўйи навхонадорон се сол гузашта бошад ҳам, ҳеҷ не, ки дар қади Асолат фарзанд шавад. Ҷавонон ҳеҷ гап не, мешавад гўён, беғам бошанд ҳам, дили кампири Зулфро сагон тала мекарданд. Ў мехост набераашро пуштора карда, мисли кампиракони дигар лаби чашма равад, гавҳорабандону дандонкафону қадамдозон гуфтанӣ маъракаҳоро низ ҳавас дошт кампирак, аммо…
Сад алами модар
Панҷ сол аз издивоҷашон гузашту ҳеҷ не, ки армони модар шиканад, кампир дигар бо гиряву зорӣ келину писарашро назди духтурон равон кард. Духтурон дар саломатии ин ҷуфт айбе наёфтанд, кампир акнун дар ба дари муллову табиб мегашт. Оқибат дар соли ҳаштуми оиладорияшон тут ба табъи дили кампир пухту келинакаш ҳомиладор шуд. Кампири Зулф намемонд, ки келинаш даст ба косаи тар занад. Ҳама кору бори хонаро худаш ба субут мерасонид. Бо гузаштани солу моҳу рўзи ҳамл Асолат духтараки нозанине таваллуд кард, акнун кампири Зулф медонисту шикастани орзуҳояш. Чӣ қадар маъракаҳои кўҳнаро аз нав зинда кард, кампир, чароғсўзону чиллагурезону мўйгирон, дандонбаророну қадамандозон…. Хулоса, кампир маърака болои маърака мекард, Шукрбонуи кампир нури чашмонаш, яксола шуду Асолат духтарашро, ки бе ин ҳам ҳамеша ҳамроҳи модаркалонаш буд, ба хушдоманаш монда ба кор баромад. Кампири Зулфро меҳри наберааш он қадар қуват дода буд, ки ҳам кору бори хонаро мекард, ҳам ба обчакорӣ машғулд мешуд ва ҳам Шукрбонуро рў-рўйи даст мегардонд. Духтарак нозанин, серу пур, дар сояи муҳаббат, вале хеле эрка ба воя расид…
Яккадухтари серноз
Асолату Гадоӣ дигар фарзанддор нашуданд, вале шукронаи духтараки ягонаашонро намуда, фикри ҷудоиро дар сар надоштанд.
-Духтарамро ба шавҳар медиҳему ў хонаамонро пури набера мекунад,- бо ханда мегуфт Гадоӣ…
Шукрбону умуман ба хондан майл надошт ва ормони волидонаш дар бораи хонда, маълумоти олӣ гирифтани ў барабас рафт. Шукрбону синфи ҳашт мехонд, ки ба муносибатҳои ошиқона оғоз кард. Маҷид, дўстдоштааш аз хонаводаи серфарзанде буд, чун волидони Маҷид ба хостгорӣ омаданду Асолату Гадоӣ хоҳиши хонадомод кардани ўро карданд, зуд розӣ шуданд. Хонаву дари тайёр ба кӣ намефорад? Асолат домодашро ғоибона ба Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ дохил кард ва дар мактаб кораш дод. Маҷиди хушахлоқу дидадаро зуд ба дили хусуру хушдоман ҷо гардид, кампири Зулф бошад, ўро зиёд эҳтиром мекард. Кампир баъди тўйи ноздонааш вафот кард, Шукрбону хеле дар марги модаркалонаш гирист, вале зиндагӣ идома дошт. Акнун субҳи барвақт аҳли хонадон ба кор мерафтанду Шукрбону духтараки ҳамсоя Зеборо ҷеғ зада, кору бори хонаашро ба анҷом мерасонду дигар рўзашро бо чақ-чақу хонаи ҳамсоягардӣ кӯр мекард. Ба хонаи хусуру хушдоманаш мисли меҳмон рафта меомаду ҳаргиз ҳавои хизмати эшонро ба сар надошт.
Ҷазои Худо

Шукрбону як хислати бад дошт, гапчину гапгўшкун ва хабаркашу ҷангандозе буд. Аз дасти ў занони кўчаашон рўз надоштанд, ҳамеша ба алови моҷароҳои занон, ҳатто ҷанҷолҳои хонаводагӣ равған мерехт. Занҳо борҳо ба сари модараш омаданд, то духтарашро ҷамъу гир кунад, аммо гапҳои модар аз як гўшаш даромада, аз гўши даигараш баромада мерафтанд. Мардум ҳайрон буданд, ки чӣ гуна аз як зани бохирад ва Гадоӣ барин марди хуб чунин балодухтар ба дунё омадааст. Ин ҳама аз тарбияи кампири Зулф буд, ў аз хабарёриҳои наберааш завқ мекарду даҳ бор мепурсид, ки ин чӣ карду он чӣ шуд? Ҳамин тавр, духтарак бо одати бадаш калон шуд…
Келини ҳамсояашон Гулинор ҷавонзани соддаи гаправ ҳамеша аз пушти гапҳои росту дурўғи Шукрбону бо шавҳараш ҷанг мекард. Фозил духтур буду дар маркази ноҳия кор мекард, ҳар гоҳи ба маркази ноҳия рафтанаш Шукрбону ба келини ҳамсоя хабарҳои нав ба нав меовард. Дар қади Шукрбону кўдак заду акнун ҳар ҳафта як бор ба назди духтур мерафт. Рӯзе дар назди дари духтури занона Фозилро дид, ки ба зани ҷавони зебое тавсия медод, ки пас аз дидани духтури занона пешаш биёяд. Шукрбонуро Худо дод, ў аз духтур баргаштан замон назди Гулинор рафта, ба вай гуфт, ки Фозил зани дуввум дораду ўро ба назди духтури занона бурданашро ба чашмонам дидам. Ин зани шаттоҳ барои тасдиқи гуфтаҳояш қасам низ мехўрд, Гулинор сари қаҳр худашро оташ зад ва баъди шаш моҳи беҳушӣ дар беморхона вафот намуд. Хушдомани Гулинор дар рўйи мурдаи келинаш гириста-гириста гуфт, ки келинаш баъди сўҳбат бо Шукрбонуи хабаркаш худашро оташ зад, Худованд мору каждум таваллуд кунад ин хабаркаши беимон…
Шукрбону Худоро шукр мегуфт, ки касе аз сираш воқиф нашуд. Чун ин дафъа ба духтур рафт, ҳамон духтараки «зани дуюм»-и Фозилро дид ва баъди пурсуҷў фаҳмид, ки ў бемории гурда доштаасту дар назди Фозил табобат мегирифтааст. Дили Шукрбону бори аввал барои дугонааш ва писараки ятимаш сӯхта, аз кирдораш пушаймон шуд.
Шояд дуои хушдомани Гулинор мустаҷоб шуд, ки ў се шабу се рўз дард кашида, оқибат духтаракеро ба дунё овард, ки аз одам дида ба калтакалос шабоҳат дошт.Бадани кўдакро сар то сар пулакча пўшонида буд, ки натиҷаи як бемории нодир будааст. Тифл се сол азоб кашида, баъд оламро тарк гуфт, Шукрбону ҳоло фарзанд надорад, вале аз хислатҳои бадаш ба тамом даст кашидааст. Аз Худо умед дорад, ки ўро ба муроди дилаш мерасонад…
Ҳилола

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД