Шаҳбоз Шарифов, рэпсарои 30-солаи тоҷик, ки бо тахаллуси саҳнавии “Шон МС” машҳур аст, ҳафтаи гузашта чанд рэптаронаи ҷадиди худро интишор кард.
Ин дар ҳолест, ки овозхон моҳи декабри соли 2020 дар як мусоҳибаи худ иброз намуда буд, ки сар аз соли 2021 саҳнаи рэпро тарк кардан мехоҳад. “Рости гап, ба Ҳаҷ рафта, нияти Ҳоҷӣ шуданро дорам. Ба ҳамин хотир, шурӯъ аз соли 2021 дигар рэпсароӣ намекунам ва имсол охирин соли дар рӯйи саҳна буданам аст”,-гуфта буд овозхон дар барномаи интернетии “Ногуфтаҳо”. Аммо, чуноне мебинем, Шон МС ба ваъдаи худ вафо накарда, ҳоло ҳам ҳунарнамоӣ мекунад.
Албатта, тасмими аз саҳна нарафтани овозхон як қисми мухлисони ӯро шод кардааст, аммо бархеи дигар норозигии худро баён кардаанд. Рэптаронаҳои ҷадиди “Шаҳбоз Шона гуфт”, “Ма ғарибм” ва “Барои мошин”-ро дар саҳифаи “Shon TV” дар шабакаи YouTube аз 20 то 60 ҳазор нафар тамошо кардаанд. Ҳамчунин, овозхон санаи 29-уми май дар шаҳри Маскав ва санаи 6-уми июн дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия барномаи консертӣ барпо карда, ҳоло ҳам дар Русия қарор дорад. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки ӯ ба муҳоҷират рафтааст.