Formula novemver 2024
Чаро шахс ба бемории зуком гирифтор мешавад?
1392

Бо тағйир ёфтани боду ҳаво бештари одамон аз бемории зуком азият мекашанд. Дар рӯзҳои аввали беморӣ ҳарорати баланд ва дарди сару гулӯ шахсро азият медиҳад. Баъдан сулфа атсазанӣ, маҳкамшавии бинӣ, беҳоливу бемадорӣ, гоҳ дарди пойҳо ва дигар ҳолатҳои ногуворкунанда касро азият медиҳад.


Зуком бемории вирусист?


Сабаби асосии пайдоиши бемории зуком вирус мебошад ва танҳо дар баъзе ҳолатҳо ангезандаи он микробҳо буда метавонанд. Дорувориҳои антибактериавӣ вирусро нобуд намесозанд. Сабаби сар задани беморӣ ва антибиотики мувофиқро танҳо табиб муайян карда метавонад. Худтабобаткунӣ манъ аст ва аксаран боиси тӯл кашидани беморӣ ва оқибатҳои ногувори он, хусусан дар кӯдакон ва нафарони калонсол мегардад.

инсти барои реклама


Кӯдакон чаро зуком мешаванд?


Қайд кардан ба маврид аст, ки кӯдакон низ аксаран ҳангмои паст шудани ҳарорати ҳаво ба бемории зуком гирифтор мешаванд. Нишонаҳои асоии беморӣ дар атфол рехтани оби бинӣ, ҳарорати баланд ва инҷиқӣ буда, баъдан сулфазанию бемадорӣ пайд мешавда. Иштиҳои тифл баста шуда, баҳудаву беҳуда мегиряд. Инҷиқии кӯдак аҳли оиларо нигарон карда, кӯшиш менамоянд, ки ҳарчӣ зудтар саломатии ӯро барқарор намоянд. Волидон дар чунин тайёранд, ки тамоми воситаҳоро истифода бурда, фарзанди худро ҳарчи зудтар аз панҷаи дард наҷот диҳанд, то тифл ором бигирад, вале...

Чаро бемор дору истеъмол мекунад?


Маводҳои доруворӣ барои беҳтар сохтани ҳолати умумии бадан, аз ҷумла, паст кардани ҳарорати баланд, кам кардани дард ва хориши гулӯ, сулфазанӣ ва беҳтар гардонидани нафаскашии кӯдак баъд аз муоина таъин карда мешавад, ки саривақтӣ мебошад.
Мутахассисони соҳаи фармасевтика бар зидди бемории зукоми ҳам барои калонсолон ва ҳам бари кӯдакон маводҳои дорувориеро кашф кардаанд, ки дар муддати хеле кутоҳ таъсири мусбӣ расонида, ба шифоёбии бемор мусоидат менамоянд.
Доруҳо дар намуди хока ва ғурушача истеҳсолшуда барои муътадил гардонидани ҳолати бемор, паст кардани ҳарорати бадан ва кам кардани сулфа беҳтарин даво маҳсуб ёфта, пайдо карданашон аз дорухонаҳои кишвар осон аст. Бароятон шифои комил хоҳонем!

инсти барои реклама

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД