Норасоии нури офтоб ва витамини D дар оғози фасли баҳор боиси авҷ гирифтани бемориҳои пӯст мегардад. Дар ин айём одамон бештар ба экзема, псориаз, нейродермит ва демодекоз гирифтор мешаванд.
Дар пӯсти рӯйи наврасон ва занону духтарони аз 20 то 40-сола дар ин айём наракҳо баромада, пӯсти рӯй доғ зада метавонад.
Барои пешгирии бемориҳои пӯст чӣ бояд кард?
1. Барои пешгирии касалиҳои пӯст дар фасли баҳор бештар меваю сабзавот истеъмол кардан лозим аст.
2. Метавонед бо тавсияи духтур витаминҳои махсусеро, ки ба ҷисматон намерасанд, дар вояи (доза) доруворӣ қабул кунед.
3. Барои он ки дар рӯятон нарак набарояд, ё дар пӯстатон доғҳои зиёде пайдо шуда, ҳусни шуморо коста насозад, аз амалиёти махсуси поксозии пӯсти рӯй худдорӣ кунед ва пӯсти худро аз таъсири омилҳои беруна - шамол ва боду борон муҳофизат кунед. Барои пешгирии касалиҳои пӯст дар фасли баҳор аз ваннаҳои табобатӣ бо намаки баҳрӣ ва гиёҳҳои шифобахш, ба мисли бобуна истифода бурдан мумкин аст.
4. Ба мардон маслиҳат дода мешавад, ки риштарошаки кӯҳнаашонро бо нав иваз намоянд, занону духатрон низ бояд косметикаи зимистонаро бо маводҳои нав, ки ба фасли баҳор мувофиқат мекунанд, иваз намоянд.