Ҷастин Бибер, овозхон ва ҳунарманди 26-солаи канадагӣ-амрикоӣ ахиран иқрор шуд, ки замоне қасд ба ҷони худ дошт. Чанде қабл оид ба ҳаёту фаъолияти овозхон дар саҳифаи шахсияш дар шабакаи YouTube филми ҳуҷҷатие пахш шуд. Ҷастин дар рафти филм иқрор мешавад, ки аз рӯҳафтодагии зиёд замоне худро куштан мехост.
“Лаҳзаҳое буданд, ки воқеан афсурдаҳол ва ба худкушӣ хеле наздик будам. Ин дард кай ба охир мерасад гуфта, фақат ба худам савол медодам. Гӯиё дарди бе охир буд ва ҳеҷ тамомшавӣ надошт. Хеле азоб кашидам ва баъдан дарк кардам, ки ин ҳамаро нодида гирифтан лозим будааст”,-мегӯяд Ҷастин Бибер. Ҳунарманд илова мекунад, ки дар оғози фаъолияти эҷодиаш мудом аз рӯҳафтодагиву афсурдаҳолӣ азият мекашид. Ҳоло ӯ ният дорад, ки курсҳо кушода, бо ҷалби мутахассисони варзида ба нафарони рӯҳафтодаву афсурдаҳол кӯмак намояд, то ки онҳо низ даст ба худкушӣ назананд ва ба зиндагӣ дилгарм шаванд. Хушбахтона, ҳоло овозхон ба чунин мушкилиҳо дучор намешавад, зеро оиладор шудаву бо ҳамсараш хушбахт аст.