arzon replenishment
ЧАРО ҲАМКОРАШ АЗ БОЛОИ РАЙҲОН ҒАНИЕВА АРИЗА НАВИШТ?
1377


Ба Райҳон Ғаниева, овозхон ва ҳунарпешаи 42-солаи ӯзбек аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Учтеппаи шаҳри Тошканд занг задаанд. Дар ин бора ӯ дар саҳифаи “Instagram”-аш хабар додааст.

Ба гуфтаи Райҳон, корманди шӯъбаи корҳои дохилӣ ҳангоми суҳбати телефонӣ гуфтааст, ки ҳамкори овозхон Илҳом Юлчиев (Dj Piligrim) аз болои ӯ ариза навиштааст. Дар ариза қайд карда шудааст, ки Райҳон Илҳомро таҳқир карда, ба суроғааш суханҳои таҳқиромез равон кардааст. “Ману Dj Piligrim бояд як суруди бадеҳа мехондем, аммо ӯ чанд созишномаро, ки бояд иҷро мекард, иҷро накардааст. Дар ротиба бо ин масъала каме аз доираи одоб берун ҳарф задам ва ба гуноҳам иқрор мешавам”,-масъаларо шарҳ дода, ба гуноҳаш иқрор шудааст Райҳон. Гуфта мешавад, ки агар ҳунармандон масъаларо байни худ бо роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ҳал карда натавонанд, парванда ба додгоҳ ирсол карда шуда, вазъият печидатар хоҳад шуд. Илҳом Юлчиеви 44-сола аввалин овозхони ӯзбек мебошад, ки бо забони русӣ суруд хондааст ва сабтҳои ӯро дар тамоми Осиёи Миёна гӯш мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД