Arzon march 2024
Чалпаки бомазза бо ҳасиб ва панир
3049


                          Маҳсулоти лозима:

100 г орд, 125 мл кефир, 1 тухм, каме шакар ва намак, ½ қошуқча сода, 2-3 қошуқ равған барои пухтупаз, 150 г ҳасиби буғпаз, 80 г панири мулоим.

Тарзи таҳия:

Кефирро дар зарфи чуқур андохта, бо тухмҳо лат занед. Баъдан ба он орду сода ва шакару намакро илова карда, нағзакак аралаш кунед. Хамирро 15 дақиқа нигоҳ дошта, ҳасибро гирд реза кунеду панирро ба пораҳои начандон калон. Ба болои ҳар пораи ҳасиби бурида ду пора панир гузошта, аз болояш боз як пора ҳасиб гузоред. Дар тоба равғанро тасфонида, як қошуқ аз хамир резед ва ба рӯйи он ҳасибу панирро гузошта, 3 дақиқа бирён кунед. Сипас аз рӯяш боз як қошуқ хамир рехта, чалпакро чаппагардон кунеду боз 3 дақиқаи дигар бирён кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД