ДАРИЧАИ ОШНОӢ
Сулаймон Сафаров 2 – юми марти соли 1988 дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Аз сабабе, ки падар бо тақозои ҷойи кор ва вазифа зуд-зуд макони зисти оиларо иваз мекард, Сулаймон мактаби миёнаро дар чанд мактаб ба итмом расонид. Баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон супорида, онро бо ихтисоси дипломат хатм кард. Пас аз гирифтани маълумоти аввал, ба хизмати Ватан-Модар рафт. Пасон, барои гирифтани маълумоти дуюм ба Русия сафар намуд ва аз он ҷо актёр шуда баргашт. Ҳоло овозхон, коргардон, актёр ва продюсер мебошад.
Сулаймон Сафаров, дар баробари ҳунарпеша ва коргардони ҷавон будан, инчунин, ташкилкунанда, продюсер ва ровии шоу-барномаи фароғатии “Шоми Душанбе” мебошад.
“Шоми Душанбе” лоиҳаест, ки бо усули “Комеди клаб”-и телевизиони “ТНТ”-и Русия омода шуда, дар он дастандаркорон ҳунармандон, овозхонҳо, блогерон, ҳаҷвнигорон ва дигар чеҳраҳои саршиносро даъват карда, доир ба маҳсули эҷоди онҳо суҳбатҳои шӯхиомез мекунанд. Барномаи мазкур аз соли 2015 инҷониб соле як маротиба дар фасли тобистон бо доираи васеи намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.
Мо бо Сулаймон Сафаров, ки ҳоло масъулияти ташкили барномаро бар зимма дорад, доир ба нашри охир, сабаби дар як сол як маротиба нашр шудани лоиҳа, сарфу харҷи як барнома, надоштани сарпарст, мушкили даъвати меҳмонон ва ғайраҳо суҳбат намудем.
- Ба наздикӣ нашри нави лоиҳаи овозадори "Шоми Душанбе"-ро сабт намудед. Чӣ хел гузашт, чӣ камбудиҳо буданд?
- Барномаи "Шоми Душанбе"-ро мо пурра фароғатӣ мегӯем. Яъне, кӯшиш мекунем бо саволҳои шавқовар, саҳнаҳои ҳаҷвӣ ва луқмаву пародияҳо бо истифода аз ному мақоми меҳмонони даъватӣ фароғати шомро таъмин кунем. Фикр мекунам, ки жанри душвортарин ин ҳаҷв аст ва ба ин хотир, мо бисёр омодагӣ дидем ва хушбахтона, дар сатҳи хуб гузашт. Албатта, барномаро боз ҳам беҳтар кардан мумкин буд, вале вақти хеле кам доштем.
- Дар “YouTube” кай нашр мешавад?
- Ҳанӯз барномаро сабт накарда, ин саволҳоро мухлисон мепурсиданд (механдад). Худо хоҳад, то 10-уми октябри соли ҷорӣ шакли пурраи барномаи "Шоми Душанбе"-ро дар саҳифаи расмиамон нашр кунем.
- Чаро дар як сол Душанбе як шом дорад? Ё ба тарзи дигар барои чӣ соле як маротиба ин барномаи хубро таҳия мекунед?
- Мо ҳеҷ мушкил надорем, балки лоиҳа сарпараст надорад. Дар ҳоле ки сарфу харҷи як нашр хеле зиёд аст. Аз соли 2015 то инҷониб ба чунин душворӣ барномаро таҳия карда истодаем.
- Дар таҳияи як барнома чанд сомонӣ сарф мешавад?
- Аз 100 то 150 ҳазор сомонӣ. Ногуфта намонад, ки аз ҷайби худамон ҳама корро мекунем.
- Мо дар нашрҳои барнома нишонаҳои баъзе ширкатҳоро мебинем, онҳо сарпараст нестанд?
- Онҳо шарикони мо ҳастанд. Барои мисол, ҷойи баргузориро муҳайё мекунанд ва ғайраҳо, ки хароҷоти ками барномаро ба уҳда мегиранд.
- Оё "Шоми Душанбе" дорад нашрҳое, ки дар “YouTube” нагузошта бошед?
- Бале, онҳоро мо "Шоми Душанбе"-и махсус” мегӯем, ки барои доираи маҳдуди меҳмонон омода мекунем.
- "Шоми Душанбе"-и махсус”, яъне, чӣ?
- Як барномаи пурра, аммо дар шакли намоиши пӯшида. Чанд нафари даъватӣ мебинанд ва бо ҳамон тамом.
- Ҳамчун меҳмон намояндагони касбу кори гуногунро даъват мекунед. Оё шудааст ҳолате, ки аз меҳмонҳо ҷавоби рад гирифта бошед?
- Албатта, чунин ҳолат мешавад. Меҳмонон дар ҳолате намеоянд, ки ягон кори муҳим дошта бошанд ва иштирок накарданашонро пешакӣ ба мо мегӯянд, зеро шумораи ҷойҳои мо маҳдуд аст.
- Асосан, шумо аз рӯи кадом қоида меҳмон даъват мекунед?
- Касбу кори меҳмонҳо гуногунанд. Одатан, нафаронеро даъват мекунем, ки дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа саҳм гузоштаанд. Масалан, аҳли фарҳангу санъат, табибон, тоҷирон ва ғайраҳо.
- Дар чунин барномаҳо, ки бештар ба меҳмонҳо суҳбат мешавад, аз эҳтимол дур нест, ки нофаҳмие сар занад.
Оё дар "Шоми Душанбе" ҳолатҳои ногувор буд?
- Қариб дар ҳар нашри барнома ҳолатҳои ногувор рух медиҳанд. Ҳатто шуданд ҳолатҳое, ки меҳмонон аз миёни барнома қаҳр карда мераванд. Мефаҳмем, ин гуна барномаҳо дар мо кам ҳастанд ва мардуми мо баъзан шӯхиҳоро бардошт карда наметавонанд.
- Барномаи мазкур бо услуби "Комеди клаб" омода мешавад. Яъне, ба ҷуз меҳмонҳои даъватӣ, одамони одӣ ҳам ширкат мекунанд. Оё аз ҳисоби фурӯши билет фоидаи хуб гирифтан мумкин аст?
- Агар дар як нашр 300 нафар иштирок кунанд, ҳатман нисфи ин шумора нафарони одӣ ҳастанд ва бо билети харида омада тамошо мекунанд. Вале аз ҳисоби маблағи билетҳои фурӯхташуда мо то 10 фоизи харҷамонро пӯшонида метавонему халос.
- Барои зуд - зуд нашрҳои нави "Шоми Душанбе"-ро дидан чӣ мушкил аст?
- Ба ин барнома сарпараст лозим аст. Сарпарасте, ки ин жанрро хуб дарк мекунад ва шакли дурусти истифодаи ин минбарро медонад. Мо барои сохтани беҳтарин барномаҳо, ҳам мутахассис ва ҳам техника дорем, вале сарпараст нест, ки тими боқувват сохта, корҳои бузург кунем.
- Тавре медонем, “Шоми Душанбе”-ро дар аввал Ҷонибек Муродов роҳбарӣ мекард. Чӣ гуна шуд, ки ҳоло шумоед мутасаддӣ?
- Бале, соли 2015 бо Ҷонибек Муродов ва Валиҷон Азизов ин барномаро оғоз кардем. Пас аз ду нашри аввал, Ҷонибек Муродов барномаро пурра ба ихтиёри ман гузоштанд. Инак, 7 нашри дигар мо бидуни муаллифи идея онро пеш бурда истодаем.
- Ҳоло болои лоиҳаи "Шоми Душанбе" чанд нафар кор мекунад?
- Ҳоло танҳо як нафар кор мекунад, ки худам ҳастам. Ҳар сол пеш аз барномаро омода кардан мутахассисони лозимиро даъват намуда, корро ҷиддӣ оғоз мекунам. Вақте ки ман пули лозимиро ҷамъ мекунаму одамони даркориро даъват мекунам, зиёда аз 50 нафар мешавем ва барномаро ҳамакаса омода менамоем.
- Раҳмат барои суҳбат.
- Саломат бошед.
Мусоҳиб
Сино ТОҲИРӢ