Идомааш...
Ҳикматулло ба пасаш нигоҳ накарда,ба ҳавлӣ ба назди Сайёраву Фирӯза омад.
-Хез, духтарам,- гуфт мулло ба Сайёра ва суханашро идома дод,- Ба хонаи ман меравем. То «фармон» шудана интизор мешавем. Ҳа, то «фармон» шудана дар хонаи ман меистед. Агар иҷозат шавад, аз болои Умар ба суд шикоят мекунему хонаро кашида мегирем.
Мулло боз мисли пешина суханҳои печ дар печ мегуфт. Паси ин суханҳои вай эҳтимол сиру асроре ниҳон буд ва ин суханҳои мулло Сайёраро ба андеша кардан водор менамуд. Охир, Сайёра чӣ хел андеша накунад, ки аз даҳони мулло ҳар гуна суханҳои гӯё «ҳавоӣ» мебарояд. Боз он кӣ аст, ки аз ғайб ба мулло бобати Сайёра фармону супориш ва ё хоҳишу илтимос мекардааст. Ана, аз марги Диловар мулло ба ин хона меомадагӣ шуду ба Сайёра ҳамин хел суханҳои асрорангез мегуфтагӣ.
Сайёра каме фикр карду ба мулло ҳеҷ чиз нагуфт. Ба даъваташ ҳам розӣ нашуд. Аммо баъди чанд дақиқа ноилоҷ ба хоҳиши мулло ризо гашт. Чунки агар ба хонаи мулло наравад, маҷбур аст шабҳоро дар кӯчаҳо рӯз кунад.
Сайёра аз ҷой хест. Дасти Фирӯзаро гирифта аз паси мулло рафтанд. Ба назди дарвоза расиданд. Дар ҳамин ҳолат садои имдодталабонаи Умар аз дохили ҳуҷра баланд шуд. «Поям» гуфта дод мезад. Модару духтар дарҳол ба қафо нигоҳ карданд, ҷониби садои Умар, ба хона таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Лекин мулло як маротиба ба пасаш нигоҳ накард. Гӯё овози имдодталабонаи Умарро намешунид. Сайёра аз ин рафтори мулло ҳайрон нашуд. Зеро аниқ кард, ки Умар муллоро ранҷондаасту мулло ба ӯ дуои бад кардааст. Охир, дар бораи даму дуоҳои ин мулло овозаҳо бисёранд ку. Ин овозаҳо ба гӯши Сайёра низ расида буданд.
Дар ҳақиқат, ба сари Умар ҳодисаи нохуш омад. Ҷевони либосҳои Сайёра , ки дар он пештар либосҳои Диловар ҷойгир карда шуда буданд, афтода болои пойи чапи Умар зад. Ана ин пойи Умар ҳам захми калон бардошт ва то охири умр ин пойи Умар ҳам шал монд …
Мулло Ҳикматулло Фирӯзаву Сайёраро ба хонааш бурд. Онҳоро дар ҳуҷраи алоҳида ҷой кард. Боз гуфт, ки ин хонаро хонаи бегона фикр накунанд, мисли хонаи худашон шуморанду чи тавре ки мехоҳанд, зиндагӣ намоянд. Ба занаш таъкид кард, ки ба Сайёра қошу қавоқ нагиронад, балки ӯро ҳурмат кунад. Ҳар хӯроке, ки аҳли хонавода мехӯранд, ба онҳо ҳам диҳанд. Сипас, мулло ба кӯча баромада, ҳамсояҳоро ҷамъ карду лоқу пари Сайёраро кашонда овард…
…Ҳафтае сипарӣ шуд. Сайёраву Фирӯза дар хонаи мулло истиқомат мекарданд. Зиндагиашон дар ин ҷо беҳтар мегузашт: гурусна намемонданд, дигар касе таҳдидашон намекард ва ба сарашон мушту лагад намебардошт. Қариб ҳамаи хавфу хатарҳои дар дилашон ҷойдошта барканор шуда буданд. Аҳли ин хонадон низ ба онҳо хеле хуб муносибат мекарданд. Лекин ба ҳар ҳол хонаи бегона бегона аст. Дили кас дар он намефарояд, хиҷолатмандона мезияд.
Акнун Сайёраро дар ин ҷо дигар масъала побанди худ карда буд, ки ӯ рӯзҳои дароз дар бораи он фикр мекард. Ин сабук шудан аз души мулло Ҳикматулло ва ба худ ёфтани сарпаноҳ буд. Гарчанде ҳама аҳли ин оила инсонҳои тарбиятдида бошанд ҳам, Сайёра дар болои каси дигар бори зиёдатӣ шудан намехоҳад. Хостааш ба худ сарпанҳое ёфтан ва ба авзои худаш зиндагияшро пеш бурдан аст.
Фирӯза ҳам дар ин хона худро бегона эҳсос мекард. Ин хонаро мисли хонаи худашон пиндошта наметавонист. Баръакс, ҳар лаҳза мехост ба хонаи худашон баргарданд. Чунки дар назараш бӯйи падарашро дар ин хонаи мулло эҳсос карда наметавонад. Вай хеле вақт аз ҳавлии мулло ба сӯйи хонаашон, ки ду- се ҳавлӣ аз хонаи мулло поёнтар буд, нигоҳ карда, чуқур-чуқур нафас мегирифт, то бӯйи падарашро каме ҳам бошад, эҳсос намояд. Боз Фирӯза меандешид, ки агар дар рӯзҳои наздик ба хонаи худашон барнагарданд, бӯйи падараш дар хона бе вай ранҷида хонаро тарк мекунад.
Ба хонаи мулло Ҳикматулло кӯчидани Сайёра фикрҳои занҳои ғайбатчии деҳаро тақвият бахшид ва гапу калочаҳои зиёдае дар бораи онҳо авҷ гирифт. Ана акнун, ба қавле тут табъи дили занҳои ғайбатчӣ пухт. Баъзан занҳо лаби чашма ва бегоҳирӯзиҳо ба кӯчаҳо баромада, дар бораи Сайёраву мулло соатҳои тулонӣ ғайбат мекарданд. «Аз пашша фил месохтанд» ва мегуфтанд: «Ана, диден, ҳамсояҳо, ахир нашуд мулло «арӯсаш»-ро ба хона овард. Никоҳ нокарда зиндагӣ мекунанд. Гӯё ба ӯ раҳмаш омада бошаду ӯро ба хонааш... Ҳамон фикрҳои пешинаамон рост баромад. Гуфта будем, ки рӯзе мешаваду мулло ӯро ба хонаи худаш мебарад. Ҳайфи ин мулло, сад ҳайф! Боз ба мардум насиҳату маслиҳат медодааст. Мегӯянд, ки муллоро ба гуфтааш бикуну ба кардааш не. Ба Худо, ин гапҳо рост будааст. Ин мардҳои мо боз аз паси вай намоз мехонанд. …Намози онҳо дуруст нест, ба Худо, ки дуруст нест!…».
Аз ин суханони занҳо Сайёра огоҳ буд. Лекин чӣ илоҷ! Маҷбур буд дар ин хона зидагӣ кунаду гӯшҳои худро ба ношунавоӣ андозад...
...Рӯзе Сайёра дар лаби чашма бо ҳамсари Сафарбег- Матлуба вохӯрд. Чанде аз ҳар бобат гуфтугӯ карданд. Сипас, Матлуба ба маслиҳат пардохт, Сайёраро насиҳат мекард, ки ба шавҳар барояд, ҳоло ҷавон аст, зиндагияшро обод кунад, соҳиби хонаву дари обод ва «бачаву кача» шавад. Сайёра хомӯш меистод. Ба пандҳои Матлуба гӯш медоду чӣ ҷавоб гуфтанашро намедонист. Дар назараш ин суханҳои Матлуба, дар ҳақиқат, дуруст буданд. Охир, ӯ то кай дари хонаи мардум мезияд. Бояд дар зиндагӣ роҳу равиши худашро пайдо кунад. Бо касе оила барпо намояду соҳиби хонаву дар шавад. Ҳеҷ набошад, аз зери порисаи мардум ва таънаву маломату туҳматҳои занҳо халос мешавад -ку.
Матлуба дар охир ба ӯ гуфт:
-Сайёра, ман як бародар дорам. Ӯ оиладор нест. Биё, туро бо он оиладор кунем. Фирӯзаро ҳам нағз нигоҳубин мекунад, мисли духтари худаш.
Сайёра каме ба пеши пояш нигоҳ карда, ҷавоб дод:
-Не, шавҳар намекунам.
-Гӯш кун, Сайёраҷон! Шавҳар накунӣ, чӣ кор мекунӣ? То кай дар хонаи мулло меистӣ. Боз худат медонӣ, ки дар бораат чӣ гапҳо бофтаанд. Аз ин гапу чапи мардумда шавҳар кунӣ, беҳтар аст. Ин мулло имрӯз то пагоҳ мемурад. Вақте мулло мурд, кӯдаку санги ӯ ҳеҷ гоҳ туро дар хонаашон роҳ намедиҳанд, пешат мекунанд. Ҳозир, ки сари вақт аст, ба шавҳар баро. Каме дигар синну солат равад, туро ҳеҷ кас ба занӣ намегирад. Бе ин ҳам ҳозира замонада мӯйсафедон духтари ҳаждаҳсола гирифта истодаанд.
Сайёра чанд дақиқа фикр кард ва:
-Ҳоло фикр кунам, баъд ҷавобашро ба ту мегӯям,-гуфт.
Тӯли чанд рӯзи дигар Сайёра андешиду ин мақсадашро ба мулло гуфт. Мулло Ҳикматулло аз ӯ хоҳиш кард, ки ин гуна фикрҳоро аз сараш дур кунад:
-Не, духтарам, ту ҳеҷ гоҳ фикри ба шавҳар баромаданро накун. Ба наздикӣ ту ҳамон зиндагии осудаи пештараатро боз пайдо мекунӣ, хушҳол мешавӣ, соҳиби хонаву дари худат мегардӣ.
«Боз ҳамон суханҳои афсонавӣ. Ин мулло девона шудааст, чӣ?»,- ба худ андешид Сайёра.
-Бобои мулло, ман дигар ҳеҷ гоҳ хушбахт шуда наметавонам. Ягона хушбатии ман Диловар буд, Диловар! Ӯ мурду ҳама орзуву ҳавас, хандаву табассум ва хушҳолии маро бо худ бурд. Ман на ба хотири худам, балки ба хотири Фирӯза шавҳар мекунам. Охир, мо то кай дар хонаи ту меистем? Бояд роҳи худро ёбем, аробаи худамонро худамон кашем.
-Не, духтарам! Ман ба шавҳар карданат зид ҳастам. Он қадар вақти зиёд ҳам намонд, камакак. Ками дигар тоқат кун, ҳамааш нағз мешавад.
Сайёра ба суханони мулло гӯш надод. Вай қарорашро баровард. Ба шавҳар баромадан хост. Розигияшро ба Матлуба ҳам расонд…
Ҳамин тавр, Сайёра ба бародари Матлуба Талбак, ки дар ҳамсоядеҳа зиндагӣ мекард, ба шавҳар баромад. Фирӯзаро ҳам бо худ бурд. Аммо баъди чанд рӯзи зиндагӣ бо Талбак ӯ аз шавҳар карданаш пушаймон шуд. Барои он пӯшаймон шуд, ки зиндагиаш бо ин шавҳар аз рӯзҳои аввал бо ҷангу ҷанҷол оғоз гардид. Ҳар шаб шавҳараш маст шуда ба хона меомаду ба ӯ дармеафтод. Сайёраро мушту лагадкӯб мекард… Дар ҷангу ҷанҷоли онҳо Фирӯза ҳатман аз хоб бедор шуда, бо қираи чашм аз таги курпа ба онҳо нигоҳ мекарду ба ҳоли модараш на танҳо раҳмаш меомад, балки оби чашм ҳам мерезонд. Ӯ ба падарандараш нафрат пайдо мекард. «Ин ҳам мисли амакам золим аст»,-мегуфт…
Рӯзе Талбак аз субҳ аз хона бо табъи болида баромад. Ҳангоми баромаданаш аввалин маротиба ба Сайёра суханҳои хубу дилнишин гуфт, меҳрубонӣ кард. Фирӯзаро ҳам навозиш кард ва ба ӯ ваъда дод, ки бегоҳӣ, ҳангоми баргаштанаш ба вай тӯҳфа меорад. Ин рафтори Талбак каме Фирӯзаро болида гардонд. Чунки ӯ аз дил гузаронд, ки дигар Талбак ба модараш ҷангу ҷанҷол намекунад, модарашро азоб намедиҳад.
Рӯз ба поён расид. Талбак ба ваъдааш вафо накард, яъне ба хона барнагашт. Сайёраву Фирӯза хӯрок хурда ҷойгаҳи хобашонро омода карданд. Ҳоло ҳам аз Талбак хатту хабаре нашуд. Аз ин Фирӯза хушҳол гашт. Аз баҳри туҳфаву меҳрубониҳои Талбак гузашта, Худоро зора мекард, ки Талбак як шаб ба хона барнагардаду вай паҳлуи модараш бихобад. Ҳамин тавр, Фирӯза ба ҷойгаҳи модар даромад. Ӯро оғӯш гирифта хобид…
Андак вақт гузашту садои Талбак аз берун баланд шуд, вай чунон май нӯшида маст буд, ки ҳатто бо кӣ гап заданашро намедонист. Аниқтараш, ӯ калавида-калавида бо худ сухан гуфта меомад. Фирӯза аз ин садои ӯ аз хоб бедор шуда, аз бари модар ба ҷойгаҳи худаш ёзид. Сайёра ҳам бедор шуд.
Талбак аз дар даромад. Чароғро даргиронд. Сайраву Фирӯза дар равшании чароғ диданд, ки сару рӯйи вай пур аз лою чал. Аз афту андомаш маълум шуд, ки ӯ даруни ҷӯю кулмакҳо афтида-афтида омадааст. Боз ҳангоми сухангӯӣ забонаш ба дурустӣ ба фармонаш намедаромад. Гӯё ҳангоми сухангӯи лабони сиёҳи ғафсаш ба ҳар тараф овезон мешуданду ҳарфҳоро дарозу кӯтоҳ талаффуз мекард.
Сайёра аз ҷой хеста либосҳои лойолуди Талбакро аз танаш кашид. Хост ӯро дар ҷойгаҳ хобонад. Аммо Талбак боз мисли ҳаррӯза рафторашро фаромӯш накард, ба Сайёра дарафтод. Ба вай суханҳои қабеҳ мегуфт. Ба падару модараш ҳақорат медод. Чанд мушту лагад ба сару миёни Сайёра зад. Ӯро рӯйи ҷойгаҳ ҳаво дода, чанд зарбаи дигар дар рӯву сараш кӯфт. Фирӯза, ки лаби курпаро каме бероҳа карда буду ин аҳволи модарро медиду гиряву нола ва зораву таваллояшро мешунид, дигар ба тамошои ин ҳодиса тоб наовард. Аз ҷой хеста, худро ба болои падарандарш партофту аз пӯшти ӯ сахт газид. Талбак дар ғазаб шуд. Гашта ба Фирӯза як шаппотӣ зад, ки аз ин шаппотии вай Фирӯза аз ҳуш рафт. Дар ин ҳолат Сайёра аз чанги Талбак раҳо ёфт ва дарҳол духтарашро бардошта ба рӯяш об пошид…
Ҳуши Фирӯза ба сар омаду боз ҳамон Талбакро дид, ки аз мӯйи сари Сайёра гирифта ӯро кашолакунон ба ин тарафу он тарафи хона мебурд. Лекин ин дафъа Фирӯза ба Талбак ҳуҷум накард, балки хомӯшона гиряашро идома дод.
Талбак ба берун баромад. Дар торикӣ ба оғил рафт ва аз оғил ресмонеро гирифта баргашт. Бо ин банд маҷбуран дасту пойҳои Сайёраро басту «сигор»-ро даргиронда, ба пӯсти тани Сайёра часпонд. Чанд ҷойи тани ӯро сӯзонд, аз ҷумла дар бозуяш ба андозаи пуши нохун чанд ҷой доғ монд,…
Хулоса, имшаб то субҳ бо ҳамин аҳвол сипарӣ шуд. Субҳ медамид. Хурӯсон ҷеғ мезаданд, мурғакон болзанӣ мекарданд ва аз омад-омади рӯзи нав хабар медоданд...
Сайёра бо вуҷуди ҳама ин ранҷу азоб бо Талбак муддати ду сол зиндагонӣ намуд. Фикри аз ӯ ҷудо шуданро намекард. Чунки дигар ҳеҷ ҷойи сарпаноҳе надошт ва ёфта ҳам наметавонист. Аз ин рӯ, маҷбур буд ба ҳама мушту лагади Талбак тоб биораду ба хотири Фирӯза зиндагӣ кунад.
Талбак маст шуда Сайёраро латукӯб кунад ҳам, лекин ба Фирӯза даст дароз намекард. Фақат ба ӯ ҳамон як шаппотӣ зада буду халос. Дигар ҳар балоеро ба сар оварданӣ мешуд, ба сари Сайёра меовард. Аммо Фирӯза Талбакро бад медид. Чунки ӯ модарашро азоб медод, мезад. Баръакси рафторҳои Диловарро мекард. Охир, Диловар ҳеҷ гоҳ бо Сайёра ин хел рафтор намекард -ку. Фирӯза боре ҳам даъвои онҳоро ёд надорад. Доим падару модараш бо ҳам бо меҳрубонӣ сухан мегуфтанд, механдиданд. Якдигарро ҳурмат мекарданд. Аммо Талбак мисли Диловар набуд. Ӯ баръакси хислатҳои Диловарро дошт. Ғайр аз ин, аз дидани рӯйи вай кас меҳаросид. Ӯ марди сиёҳи азимҷусса буд. Дар сараш як тор мӯй дида намешуд. Ба қавли Фирӯза, ба «кӯралмастӣ» монандӣ дошт.
Зиндагии вазнину пурмоҷарои Сайёра бо Талбак дер давом накард. Дар соли дуюми зиндагии якҷояи онҳо Талбак ҳангоми мастӣ ба ҳавзи обе афтиду ҳамон ҷо ҷон дод.
ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21—00 ИНТИЗОР БОШЕД!