Arzon march 2024
БӮЙИ ПАДАР (ҚИСМИ 14)
3177

ИДОМААШ....

…Онҳо ба назди бозорча расиданд. Фирӯза дасти падарро дошта сар намедод. Боз мисли кӯдакияш хурсанду хушҳол менамуд, дар лабонаш табассум медамид.

Ҳар ду ба Сайёра наздик шуданд. Дар ҳамин ҳолат чашми Сайёра ба Фирӯза афтод, ки миёни рафҳо хеле хурсанду хушҳолона қадам мегузораду дасташ ба дасти марде банд аст. Сайёра кӯшиши дидани он мард кард, лекин марди дигаре, ки пеш-пеши Фирӯзаву Диловар роҳ мегашт, ба Сайёра имкон намедод рӯйи марди дасташ ба дасти Фирӯза бастаро бинад.

Сайёра он эркагии даврони кӯдакии Фирӯзаро медид. Он эркагие, ки Фирӯза ба падараш мекард. Илова бар ин, ҳеҷ гоҳ ӯ Фирӯзаро ин тавр хушҳол надида ва хандаву табассуми Фирӯзаро аз кӯдакияш фаромӯш карда буд. Ӯ ин хушҳоливу хурсандии Фирӯзаро дида, аз дил гузаронд: «Ҳар ҷо бошад, Фирӯза аз имтиҳон гузашту шодӣ мекунад». Ӯ боз аз ин нияташ гашта «не, ин ҷо чӣ гапи дигар ҳаст»,- гуфту дар ташвиш афтод: «Майлаш, аз имтиҳон гузашта бошаду лекин чаро даст бар дасти марди бегона хандакунон меояд. Боз ҳамон эркагии даврони кӯдакияш. Охир, ӯ ин эркагияшро фақат ба «раҳматӣ»-и падараш мекард…» Дар ҳамин ҳолат суханҳои норавшани мулло Ҳикматулло, ки чандин сол пеш мегуфт, ба ёди Сайёра расиду ба худ гуфт:

-Оҳ, ҷавр дар сарам-е. Охир, ман то ин дам акламро хӯрдаам - ҳа? Наход ман ҳамон суханҳои сарбастаи муллоро нафаҳмида монам. Охир, бечора ба забони худаш мегуфт, ки ин ҳаққи ҳалоли худатон ҳаст, аз ман миннатдор нашавед, барои шавҳар карданат иҷозат нашуд, ба наздикӣ зиндагии осудаи пештараатро пайдо мекунӣ. Охир, ин суханҳои мулло Ҳикматулло аз зинда будани Диловар гувоҳӣ медоданд… Ман чӣ кор кардам? Худамро дар балову кулфат, ранҷу машаққат гирифтор кардаму дар ҳаққи Диловар хиёнатро раво дидам.

Сайёра Диловар будани он мардро пай бурду ҷойи ғаму дарди вуҷудашро якбора шодиву хурсандӣ фаро гирифт. Ӯ акнун ашки ғами чакидаашро ба ашки хушҳолӣ табдил дод. Ҳиққак зада мегирист ва кӯшиш мекард, ки як сония пештар он марди пеш-пеш меомада бероҳа шаваду рӯйи Диловаро бубинад. Он мард қафо монд. Фирӯзаву Диловар акнун дар чашми Сайёра равшантар намудор шуданд.

Сайёра чун ин ҳол бидид, ҳуш аз сараш парид. Чашм аз Диловар намеканд. Вале боз метарсид. Метарсид, ки Диловар аз ба шавҳар баромадани вай ба қаҳр меояду зиндагии пештараро ба роҳ намемонад. Аммо ин тавр набуд. Аз чашмони Диловар ашки шодӣ мечакиду бари рӯяш мешорид. Вай ду шавҳари дигар кардани Сайёраро фикр намекард. Ӯ, дар ҳақиқат, Сайёраро дӯст медошт, бо тамоми ҳастӣ, бо тамоми вуҷудаш дӯст медошт…

Сайёра саросема шуд. Ӯ аз хурсандӣ мегиристу бахти дуборабаргаштаашро ба оғӯш гирифтан мехост. Ба ҳама фикрҳо хотима гузошта буд. Дар замин ва ё осмон буданашро намедонист. Вай беихтиёр аз он тарафи раф гузашта ҷониби Диловар давид. Давиду худро дар оғӯши вай гирифт. Диловар ҳам духтару модарро аз бағалаш раҳо намекард, ду дасти худро давр то даври камари онҳо дошта мегирист. Ин ҳолатро савдогарзанҳои бозор дида, ашк мерехтанду паст-паст чунин мегуфтанд: «Хайрият, Худованд ба рӯйи Сайёра хандид»…

***

…Фирӯза назди тирезаи хонаи дар қабати панҷум ҷойгиршудаашон китоб мехонд. Ӯ як чашм бар китобу чашми дигар ба берун духта буд. Бесаброна аз тиреза калла бароварда, ба поён нигоҳ мекард ва боз хонданашро идома медод.

-Фирӯза,- овоз баровард модар аз ошхона.

Фирӯза овози модарро нашунид. Ҷавоб надод.

Сайёра бори дигар баландтар фарёд кард:

-Фирӯза!

-Лаббай, очаҷон.

-Биё, ба ман кӯмак кун, духтарам, таом пухта истодаам, вақти омадани падарат шуда истодааст.

-Э, очаҷон, ҳоло барвақт аст. Ин қадар шитоб накун. Атаҷонам ҳоло наомаданд.

-Э, духтар, ту чаро боз гапношунав шудӣ-ҳа?!- гуфта ханда кард модар ва ба худ гуфт: «Ин духтар роҳи падарашро интизор аст. Аз тиреза нигоҳ дорад, ки кай падараш аз кор бармегардад».

Садои мошин баромад. Фирӯза аз тиреза сар то гарданашро берун кард ва якбора китобро ҳаво доду саросема дарро кушода баромад.

-Куҷо меравӣ, эй духтар?,-гуфта пурсид модар. Лекин Фирӯза ин сухани модарро намешунид. Шунавад ҳам, ҳоло вақти ҷавоб гуфтан надошт. Аз ин саросемагии Фирӯза Сайёра пай бурд, ки Диловар аз кор баргаштааст.

Фирӯза ба пешвози падар баромад. Дар назди бино падаршро оғӯш карда бӯсиду аз дасташ гирифта ба хона баргаштанд.

Дар кушода шуд. Сайёра Диловару Фирӯзаро паҳлуи ҳам дид. Ҳар се механдиданд, вале Таманно хомӯш буд. Ӯ ҳам мехост Диловарро ба оғӯш гирад, лекин ба ин ҷуръат намекард. Чунки Диловар падарандараш асту бо вай то ҳол одат накардааст. Аз ӯ каме мешармад, аммо ба ҳар ҳол Диловар бо Таманно мисли Фирӯза муносибат ва ба ӯ духтарам гуфта муроҷиат менамуд...

***

…Офтоб аз ҳарвақта бештар гармӣ медод. Болопӯши бозорчаро тафсонда мемонд. Ҳалқи савдогаронро хушк мекард. Аз баданашон арақ мечаконд. Ҳар як савдогар аз ташнагӣ об бар ҳалқ мерехту пушти рафҳо мемонданд. Вале байни онҳо ҷойи Сайёра холӣ буд. Сайёра дигар ба ин бозор ба савдо намеомад. Фирӯзаро ҳам пушти раф намедиданд…

ПОЁНИ ҚИССА,

Шуҳрат МИРЗОЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД