Даричаи ошноӣ:
Ному насаб: Бурак Озчивит.
Сол ва ҷойи таваллуд: 24.12.1984, шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия.
Касб: ҳунарманд ва модел.
Ҷоиза: “Беҳтарин модели Туркия” (2003) ва ”Беҳтарин модели ҷаҳон” (2005, ҷои дувум)
Вазъи оилавӣ: оиладор ва соҳиби як фарзанд.
Ҳамсараш: Фаҳрия Эвҷен, ҳунарпешаи турк.
Бурак Озчивитро хурду бузург дар Тоҷикистон бо шарофати силсилафилми “Муҳаббати сиёҳ” ё худ “Чёрная любовь” мешиносанд. Ин филм Буракро на танҳо дар Туркия, балки дар бештари кишварҳои олам, аз ҷумла Тоҷикистон муаррифӣ намуд. Худи ҳунарманд низ иқрор шудааст, ки бо шарофати ин филм шуҳрати ҷаҳониро касб кард. Фишурдаи суҳбати моро бо ҳунарманди дӯстдоштаатон дар матлаби зер мутолиа намоед.
-Бурак, мегуфтед, ки рӯ овардани шумо ба синамо тасодуфӣ буд ё орзуи даврони кӯдакӣ?
-Албатта, орзуи даврони кӯдакиам буд. Ёдам ҳаст, ки дар хурдсолӣ чашмамро аз оинаи нилгун намекандам ва ҳамеша мехостам, ки мисли қаҳрамонҳои филмҳои тасвирӣ бошам. Ҳамон замон дар назди худ мақсад гузошта будам, ки калон шавам, ҳатман ҳунарманд мешавам.
-Ҳунарманд мешавам гуфта, дар назди худ мақсад гузоштеду фаъолияти худро аз моделӣ оғоз кардед. Ин чӣ тавр шуд?
-Бояд қайд кунам, ки ман хатмкардаи факултаи синамо, санъати тасвирӣ ва аксбардории Донишгоҳи Мармараи Истанбул мебошам. Дар баробари таҳсил дар донишгоҳ, боз бо тарроҳон ҳамкорӣ доштам ва дар муаррифии коллексияҳои онҳо иштирок мекардам. Ҳамин фаъолнокиам буд, ки соли 2003 ҷоизаи “Беҳтарин модели Туркия” ва соли 2005 ҷоизаи “Беҳтарин модели ҷаҳон”-ро ба даст овардам.
-Аксарият моделиро касби ба мардон номувофиқ мешуморанд. Хонаводаи шумо барои модел шуданатон зиддият нишон намедоданд?
-На, баръакс дастгирӣ мекарданд. Боре падарам баромади маро тариқи оинаи нилгун тамошо карда, ба модарам гуфтааст, ки “Агар Бурак дар ҳамин соҳа то охир рафтан хоҳад, ман барои муваффақ шуданаш кӯмак мекунам”. Аммо баъди иштирок дар чанд муаррифии коллексияҳову озмунҳои зебоӣ коргардонҳо ба ман часпиданд ва чанд сенарияро ба дастам доданд. Ҳамин тавр, мӯд роҳи маро ба синамо боз кард ва рӯ овардам ба нақшофарӣ дар филмҳо.
-Аввалин филме, ки дар он нақш офарида будед, ёдатон ҳаст?
-Албатта, магар мешавад онро фаромӯш кард? Филми нахустини ман “Минус 18” ном дошт, ки ба наврасон бахшида мешуд. Баъдан филмҳои “Шавҳари маҷбурӣ”, “Сироятёфта”, “Хонаи оилавӣ”, “Хиёнат” ва “Асрори хурдакак” бо иштироки банда пайи ҳам рӯи навор омаданд. Аз соли 2006 то ҳол дар зиёда аз 15 филм нақш офаридаам.
-Бурак, акнун ба ҳаёти шахсиатон мегузарем. Пеш аз оиладор шуданатон чанд муддат бо моделхонум Ҷайлон Чапа муносибатҳои ошиқона доштед. Сабаби яку якбора ҷудо шуданатон кӣ ва ё чӣ буд?
-Ба ин кор худи Ҷайлон сабаб шуд. Ӯ беҳад духтари бадрашк буд. Шумо бовар мекунед, ҳатто ба майдони наворбардорӣ омада, ба кори ману гурӯҳи эҷодӣ халал мерасонид. Вақти холигии ман кам буд, аммо Ҷайлон мехост, ки ҳамеша дар канораш бошам, ки ин ғайриимкон буд. Ман рашк, хусусан, рашки беасосро дӯст намедорам.
-Бо ҳамсаратон Фаҳрия Эвҷен чӣ гуна шинос шудед?
-Ману Фаҳрия дар сабти филми “Саъба-паррандаи сурудхон” шинос шудем. Он замон ман аз Ҷайлон ҷудо нашуда будам. Баъдан соли 2015 Фаҳрияро барои иҷрои нақши асосӣ дар филми “Ишқ ба ту монанд аст” даъват намудам, зеро продюсери филм худам будам. Бо ин корам ба оташи рашки Ҷайлон равған рехтам ва ӯ қарор дод, ки аз ман меравад ва ҳамин тавр, аз Ҷайлон ҷудо шудаму ба Фаҳрия дил бастам.
-Хонум Фаҳрия то ба андозаи Ҷайлон рашк намекунад?
-Фаҳрия маро дарк мекунад ва кӯшиш намекунад, ки чизеро дар ман тағйир бидиҳад, зеро маро ҳамон гунае, ки ҳастам, дӯст медорад. Ҳамин хислаташ писандам омаду бо падару модарам шиносаш кардам. Онҳо низ Фаҳрияро дӯст доштанд ва 9-уми марти соли 2017 номзадӣ кардем. Моҳи июни ҳамон сол маросими тӯямон дар Истанбул баргузор гардид.
-Писаратон ба кӣ монанд аст? Ба шумо ё ба модараш?
-Карон ҳоло якунимсола аст ва дар бораи ба кӣ монанд буданаш чизе гуфта наметавонам, чун кӯдакон то бузург шудан чанд маротиба тағйир меёбанд. Муҳим ӯ зиндагии ману модарашро рангинтар кардааст. Дӯсташ медорем.
-Вақтҳои охир шуморо бо мӯйлаб мебинем. Ин ба шумо халал намерасонад?
-Чор сол мешавад, ки мӯйлаб мемонам. На барои он ки худам мӯйлабро дӯст медорам, балки ба хотири корам, ки дар бисёр мавридҳо мӯйлаб доштан зарур аст.
-Мухлисонатон, яъне духтарҳо шуморо зиёд нороҳат мекунанд?
-Онҳо ба наздикӣ суроғаи хонаи навамро дар Истанбул пайдо карданд. Тақрибан 100 нафар дар паси дар ҷамъ омадаанд. Инро нороҳатӣ гуфтан дуруст нест. Ин муҳаббати онҳо ба ману ҳунари ман аст. Мухлис набошад, мо шабу рӯз барои кӣ заҳмат мекашем?