Бурак Озчевит ба хотири Олга Бузова
аз занаш ҷудо мешавад?
Ман мухлиси ҳунарманди боистеъдод ва ҷавонмарди хеле зебои турк Бурак Озчивит ҳастам. Ҳар як филме, ки Бурак дар он нақш мебозад, ман ҳатман онро тамошо мекунаму мухлиси силсилфилмҳояш ҳастам. Дар сомонаҳои иҷтимоӣ аксҳои Буракро ҳангоми ба кишвари рус сафар карданаш дидам, ки бо сарояндаи рус Олга Бузова қарор дошт. Дар хабару овозаҳои дар сомонаҳои гуногун нашршуда гуфта мешавад, ки Олга Бузова волаву шайдои Бурак Озчевит шудааст. Наход Бурак завҷаи зебояшро бо Олга иваз намояд?
Мафтуна, аз ш. Душанбе.
Посух
Чанде паш ситораи синамои турк Бурак Озчивит бо сафари ҳунарӣ ба шаҳри Маскав омада буд. Ташрифи ӯ хусусан мухлисдухтарони русашро хеле шод намуд. Аз ҷумла сарояндаи пурҳангомаи рус Олга Бузова ва Наталя Рудова яке аз аввалин бонувоне буданд, ки ба дидорбинии ҳунарманди хушсимо шитофтанд. Бурак на танҳо бо Олга Бузова, балки бо дигар мухлисбонувон низ аксгирӣ намуд. Мухлисбонувони Бурак дар шаҳри Москва чунон зиёд ҷамъ шуданд, ки баъзеяшро муҳофизон базӯр аз ҳузури ҳунарманд дур сохтанд. Ба ғайр аз бонувон мардони ҳунарманд низ аз қабили Дима Билан ба дидорбинии Бурак омаданд. Айни замон Бурак ба рӯихати актёрони зеботарин ва серхаридортарин дар Туркия ба шумор меравад. Бурак муддати панҷ сол аст, ки бо Фахрия Эвҷен оиладор буда, ҳамроҳ писарчаи чорсолаашонро ба воя мерасонанд. Бурак Озчивит завҷаи худро хеле дӯст медорад ва мисоли дигар шахсиятҳои шинохта бо Олга Бузова ва дигар мухлисони ҳунараш барои хотира аксгирӣ кардаасту халос.