Зану шавҳар Қараев Ибодулло ва Сумани Ғайратшо аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони ташкил кардани фоҳишахона боздошт шудаанд.
Гуфта мешавад, ки ин зану шавҳар 4 хонаро дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ба фоҳишахона табдил дода, ҳар як хонаро бар ивази 500 сомонӣ дар як шабонарӯз ба шахсони айшу ишратпараст ба иҷора дода, пулро тариқи ҳамёни электронӣ мегирифтаанд.
Тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомот идома дорад.