Эмомова Майсара, зани 34-солаи сокини пойтахтро кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо гумони ташкил кардани фоҳишахона ва даллагӣ дастгир намудаанд.
Бино ба иттилои мақомот, боздоштшуда хонаеро дар шаҳри Душанбе ба иҷора гирифта, бо мақсади ба даст овардани фоида онро ба фоҳишахона табдил додааст.
Дар хабар гуфта мешавад, ки ин зан ҳамчунин як духтари ноболиғро барои анҷом додани амалҳои шаҳвонӣ ба мардон пешниҳод намуда, аз ин ҳисоб низ фоидаи пулӣ ба даст меовардааст.
Вобаста ба амалҳои ҷиноятии Эмомома М. аз ҷониби кормандони милитсия маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.