goodwell
Боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ бо гумони истеҳсол ва фурӯши доруҳои қалбакӣ
125

Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе гурӯҳи муташаккили ҷиноиро ошкор намуданд, ки дар маҳаллаи “Чилмеҳроб”-и пойтахт корхона кушода, ба истеҳсол ва ба фурӯш баровардани доруҳои қалбакии пастсифат, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯй нестанд, машғул будаанд.

Бино ба иттилои Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, Отабек Додоҷонови 43-сола, ки қаблан барои қаллобӣ, сохтакорӣ ва фиреби истеъмолкунандагон суд шудааст, ҳамроҳи ҳаммаслаконаш Абдураҳим Ҷабборов, Пайрав Халифаев ва Далер Бобоев дар шароити ғайрисанитарӣ, бо вайрон намудани талаботи стандартҳои сифат дорувориҳои гуногун, аз ҷумла хока ва шарбатҳои «Нурофен», «Амбробене Экстра», «Парацетамол», «Амброксол», «Лазолван», «Терафлю-М» истеҳсол мекардаанд, ки барои истеъмоли кӯдакони бемор пешбинӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, ки Отабек Додоҷонов ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Молейкула”-ро ташкил намуда, бо истеҳсоли доруҳои қалбакии ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯй набуда машғул будааст, Пайрав Халифаев бошад, ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Шоҳин”-ро созмон дода, барои маводҳои дорувории қалбакӣ борҷома ва қуттӣ истеҳсол мекардааст.

Зимни амалиёт 35 900 адад шарбат-доруҳои қалбакӣ, 600 килограмм хокаҳои махсус ва 405 920 адад қуттиҳои 100-граммаи шарбат дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Айни замон нисбати боздоштшудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД