Ҷаҳонгир Абдуғаниев аз ҷониби кормандони милитсия барои фурӯхтани моҳии дар шароити ғайрисанитарӣ пухташуда ба мардум боздошт шудааст.
Тавре Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар додааст, номбурда дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт нуқтаи фурӯши моҳии бирён кушода, ҳамроҳи кормандонаш дар муҳити ниҳоят ифлос ва ғайри санитарӣ моҳиро коркард ва бирён намуда, пешкаши харидорон мекардааст.
Нисбати масъулини фурӯшгоҳи мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиш қарор дорад. Ҷиҳати мутобиқсозӣ ба талаботи стандартҳои ошхонадорӣ, нисбати масъулин чораҳои дахлдори қонунӣ андешида мешаванд.