arzon replenishment
Боздошти марде, ки худро зан муаррифӣ намуда, мардҳоро “шикор” мекард
748

Кормандони милитсия дар вилояти Суғд мардеро боздошт намудаанд, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ худро ҳамчун зан муаррифӣ намуда, мардонро ба домаш меафтонидааст ва баъдан бо роҳи “шантаж” пули калон талаб мекардааст.

Боздоштшуда Баҳром Саъдуллоеви 44-сола, сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд буда, дар шабакаи “Инстаграм” худро ҳамчун зан муаррифӣ намуда, бо ҷавонмарди 28-солаи сокини ноҳияи Спитамен шинос шудааст. Бо мақсади ба дом афтонидани ҷавон вай аз ошнои интернетиаш талаб кардааст, ки барои исботи ишқу муҳаббаташ аксҳои бараҳнаашро ба ӯ фиристад. Пас аз ба даст овардани аксҳо вай ба тамаъҷуӣ сар карда, ҷавонмарди 28-соларо “шантаж” намуда, таҳдид кардааст, ки агар 10 ҳазор сомонӣ надиҳад, аксҳояшро тариқи интернет паҳн намуда, ӯро дар байни мардум шарманда месозад.

Тавре Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Ахбори ВКД” иттилоъ дод, Баҳром Саъдуллоев ҷабрдидаро таҳдид кардааст, ки дар сурати аз додани пул саркашӣ намудан оилаашро вайрон мекунад. Ҷабрдида аз тарси шармандагию хонавайронӣ ба корти бонкии Баҳром Саъдуллоев 1700 сомонӣ гузаронидааст.

Айни замон нисбати Баҳром Саъдуллоев бо моддаи 250-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гашта, тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД