toyota motors
Боздошти корманди Комисcариати ҳарбии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо гумони порахӯрӣ
88

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нисбати як афсари Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо гумони гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Ба иттилои ин ниҳод, гумонбар А. Сатторзода барои ба таъхир гузоштани муҳлати хизмати ҳарбии як ҷавон 15 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1-и моддаи 391-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ ё баромадан аз ҳадди ваколатҳо парвандаи ҷиноznӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суд ирсол гаштааст. Дар ин банди қонун ҷазо дар шакли ҷарима ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то ду сол пешбинӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД