Мақомоти милитсияи вилояти Ар-Риёз 8 муҳоҷири хориҷиро барои таблиғи маъракаҳои қалбакии Умра бо мақсади қаллобӣ боздошт кардааст. Дар ин бора Saudi Gazette хабар медиҳад.
Бино ба иттилои кормандони ҳифзи ҳуқуқ, маълум шуд, ки ин 8 муҳоҷир вайронкунандагони низоми иқомат, қонунҳои меҳнат ва табааи Ҳиндустон мебошанд.
Айбдоршавандагон барои анҷом додани маъракаҳои қалбакии Умра 4 дафтари нусхабардорӣ ва чопро ба ҳайси маркази худ истифода мекарданд.
Пулиси Ар-Риёз боздошти 8 муттаҳамро тасдиқ кард ва алайҳи онҳо тамоми чораҳои қонунӣ андешида шуданд. Сипас онҳо ба додситонии ҷумҳурӣ фиристода шуданд.