Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз раванди иҷроиши корҳои сохтмонии иншооти тандурустӣ дар ноҳияи Файзобод дидан намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, зимни боздид Ҷамолиддин Абдуллозодаро Исфандиёр Маҳмудзода, менеҷери Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак”, Мансур Каримзода, раиси ноҳияи Файзобод, роҳбарони муассисаҳои тандурустии ноҳия, намояндагони ширкати сохтмонӣ, муовинони раиси ноҳия ва мутахассисони Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа ҳамроҳӣ намудаанд.
Гуфта мешавад, ки сохтмони иншооти тандурустӣ иборат аз маркази ташхису табобатии 3-ошёна, таъмири бинои Беморхонаи марказӣ ва шуъбаи таваллуд дар назди Беморхонаи марказӣ дар доираи амалигардонии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд сурат гирифта, муҷаҳҳазсозии иншооти болозикр бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти тиббӣ ҷараён дорад.