Боздиди Абдулло Сафарзода аз ду хона-интернат
01.12.2025
Oila.tj
109

Директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдулло Сафарзода аз муассисаҳои давлатии Хона-интернат барои маъюбони бемориҳои рӯҳии шаҳри Ҳисор ва Хона-интернати пиронсолону маюбони шаҳри Турсунзода дидан намуда, бо вазъи фаъолияти муассисаҳои мазкур дар давраи тирамоҳу зимистон шинос гардидааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, сараввал дар муассисаҳои номбурда Абдулло Сафарзода бо вазъи будубоши бошандагон шинос шуда, бо онҳо суҳбатҳо гузаронидааст. Хусусан ба масъалаи таъмини гармидиҳӣ дар ҳуҷраҳои хоби бошандагон, ҳолати риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ, нигоҳубини тиббию иҷтимоии бошандагони барҷомонда ва таъминоти ғизо аҳамияти аввалиндараҷа дода шудааст.

- Сипас, Сафарзода Абдулло аз анборҳои захираи маводи хӯрок, захираи маҳсулоти кишоварзӣ барои давраи тирамоҳу зимистон, захираи ангишт, ҳезум ва маводи сӯхт, коршоямии генераторҳои барқӣ дар ин давра ва ошхонаи муассисаҳо дидан намуда, омодагии нақшавии онҳоро аз назар гузаронид,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД