Боз як ҷавони тоҷик дар ҷанги Украина кушта шуд. Носир Сафарови 30-сола, зодаи деҳаи Гузари Моғиёни ҷамоати Моғиёни Панҷакент буда, соли 2021 барои қатли писари аммааш Парвиз Саидмуродов дар Русия ба 16- соли зиндон маҳкум шуда буд.
“Носир Сафаров дар маҳбаси “Бутирская” дар шаҳри Маскав адои ҳукм мекард ва тахминан моҳи октябри соли 2022 дар ивази ваъдаи афв ва озодӣ розӣ шудааст, ки бо ширкати хусусии ҷангии Вагнер қарордод баста, ба ҷанги зидди Украина биравад. Ӯ баъди тақрибан се моҳи ҷангидан аз тарафи Русия моҳи январ дар ҷабҳаи Херсон кушта шудааст. Санаи дақиқи ҳалокати Носир Сафаров маълум нест, вале тобути ӯро рӯзи 5- феврал аз Русия ба Панҷакент оварда, дар Моғиён ба хок супурдаанд”-менависад бомдод дар такя ба ду манбаъи худ.