Солҳои охир лату кӯб ва куштори ваҳшиёнаи занон ба дасти шавҳар, падар, бародар ва дигар одамони наздикашон ба дарди ҷомеаи мо табдил ёфтааст. Вазорати умури дохилии кишвар аз қатоли боз як зан аз ҷониби шавҳар хабар додааст...
Ин ҳодисаи нангин рӯзи 26-уми апрел рӯй дода, як марди 38-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ҳамсари 23-солаашро корд задааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, ҳодиса ҳангоми дар хонаи холаи зан будани ҳамсарон рӯй дода, мард бо дидани он ки занаш тариқи телефон бо касе сӯҳбат дорад, аз рашк ба қавле “девона” шуда, бо корд ба ҳамсараш ҳамла мекунад ва 6 маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими зан корд мезанад. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Айни замон нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1-и моддаи 104 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишоти ин қазияи хунин идома дорад. Тибқи ин банди қонун барои содир намудани ҷинояти куштор маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол пешбинӣ шудааст.