Боз ду ҷоизаи байналмиллалӣ насиби филмофарони тоҷик гашт.
Филмҳои тоҷикии " Бачаи обӣ" ва филми кӯтоҳи "АЛИФ.ДО.РЕ МИ"-ро дар ҳафтумин ҷашнвораи байналмиллалии "Золотой Ворон" Чукоткаи Русия дар бахши рақобатӣ аз Тоҷикистон пазируфта шуда буданд.
"Бачаи Обӣ" миёни 20 филми баланди хориҷӣ дар рақобат буд ва соҳиби ҷоизаи "Беҳтарин филмнома" шуд.
Дар бахши филмҳои кӯтоҳ бошад, "АЛИФ.ДО.РЕ.МИ"-и коргардони ҷавон Алиҷон Ҷалилов соҳиби ҷоизаи "Беҳтарин филми кӯтоҳ" шуд".
Филми ҳунарии “Бачаи обӣ” соли 2019 рӯи навор оварда шуда, мавзӯи он дар бораи ҳифзи захираҳои обӣ, тоза нигоҳ доштани об аз ҳаргуна ифлосшавӣ ва ҳалли мушкилоти норасоии об дар минтақа ва сайёра мебошад. Он то имрӯз ҷоизаҳои зиёди байналмилалиро соҳиб шуда буд.
Филми мазкур аз тарафи Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ки бо коргардонии Файзулло Файзов рӯйи навор омадааст, дар жанри драмаи иҷтимоӣ офарида шуда, аз рӯзгори наврасе, ки ба моҳигирӣ шавқ дошта, мехоҳад оянда ба ин касб шуғл варзад ҳикоят мекунад.
"Алиф.До.Ре.Мм" бошад, аз ҳаёти як муаллими мусиқӣ нақл мекунад. Филм дар жанри “мушоҳида” ва дар муддати се моҳ сабту таҳия шудааст. Дар сабту таҳия ва тадвини ин мустанад дар қатори коргардон-таҳиягар Алиҷон Ҷалилов, ҳамчунин наворбардор Наврӯз Саидов, садобардор Эҳсон Субҳонзода, тадвингар Комил Карим ва коргардони садо Шаҳриниссо Яковлева саҳм гузоштаанд.
Қаҳрамони филм марди 74-солаест, ки ҳоло низ ба таълими мусиқӣ дар мактаб ва боғчаи бачаҳо машғул аст. Роҳи зиндагии ин парвардаи хонаи ятимон ноҳамвор ва зиндагии ӯ пур аз тазоду рӯйдоду ҳаводиси хушу нохуш буд. Дар синни 63-солагӣ бо ӯ ҳодисае рух медиҳад, ки зиндагии ояндаи ӯро тамоман дигар мекунад. Мусиқӣ ва навозиши асбобҳои мусиқӣ барои амалӣ шудани орзӯи ӯ кӯмак кардаанд. Дар филм нишон дода шудааст, ки новобаста ба андешаҳои аксарияти мардум дар ҷомеаи суннатӣ нисбат ба суруду мусиқӣ он метавонад барои расидан ба орзуҳо ва дарёфти роҳи наве дар зиндагии шахс кӯмак ва мусоидат кунад.
Бояд қайд кард, ки ин кори аввали мустақилонаи коргардонии Алиҷон Ҷалилов, писари ровии шинохтаи радио ва телевизион Субҳон Ҷалилов аст. Он қаблан низ як ҷоиза ба даст оварда буд.