Дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» бори аввал дар Тоҷикистон ба шаҳрванди хориҷӣ дар шоҳраги қафаси сина стент-графт гузошта шуд.
Бемор шаҳрванди 65-солаи Ӯзбекистон Мустафоқулов Илмомин буда, бо ташхиси аневризмаи қисми камонак ва шоҳраги поёнраванда ба марказ муроҷиат кардааст.
Амалиёт бидуни беҳушкунии умумӣ ва бе буриши бадан, тавассути раги пой анҷом дода шудааст. Табибон стент-графтро ба мавзеи осебдидаи шоҳраг расонида, ҷараёни хунро аз қисми васеъшуда гузаронидаанд. Дар натиҷа хатари кафидани аневризма бартараф шудааст.
Ба иттилои марказ, амалиёт бомуваффақият анҷом ёфта, бемор худро хуб ҳис мекунад ва мустақилона роҳ мегардад.
Тибқи маълумоти табибон, чунин амалиёт дар минтақа, ба ҷуз Тоҷикистон, танҳо дар Қазоқистон анҷом дода мешавад. Пештар дар Тоҷикистон амалиёти мазкур дар дигар қисматҳои шоҳраг бо иштироки мутахассисони хориҷӣ анҷом мешуд. Ин бор онро табибони тоҷик мустақилона гузарониданд.