Арзиши хизматрасонии боғчаҳои бачагона дар соли 2024 боло рафт. Акнун падар модаронро лозим меояд,ки барои тарбия гирифтани кӯдаконашон дар боғча пули зиёдтар супоранд.
“Аз якуми январи соли 2024 мабалағи падохти волидон барои нигоҳубини кӯдак дар муассисаҳои томактабӣ мувофиқи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба маблағи 144 сомонӣ муқаррар карда шудааст.”
Дар нусхаи қарори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, ки дастраси сомонаи Оила гардид, омадааст, ки тибқи талаботи моддаи 23-и Қонуни ҶТ “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2024” аз 18-ноябри соли 2023 №2012 андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андоз, боҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз 1-январи соли 2024 дар ҳаҷми 72 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Ба маъмурияти муассисаҳои таҳсилоти томактабии буҷетӣ дастур дода шудааст, ки дар нақшаи хароҷоти соли 2024 аз ҳисоби даромад барои ғизои кӯдак на кам аз 4 сомонӣ дар як рӯз ба назар бигиранд.
Ёдовар мешавем, ки то охирҳои соли 2022 дар сатҳи кишвар зиёда аз 700 муассисаи томактабӣ фаъолият менамоянд, ки нисбат ба ҳамон давраи соли 2021 (696) 22 муассиса бештар мебошад.