Дар замони муосир аксари одамон шабона то дергоҳ телевизор тамошо карда, зери садои он хобашон мебарад. Олимони амрикоӣ бар он назаранд, ки зери садои телевизор хобидан ба саломатӣ зарари ҷиддӣ расонида, гӯшро кар ва хотираи инсонро заиф мегардонад.
Олими амрикоӣ, доктор Байбин Чен тадқиқот гузаронида, ба хулосае омадааст, ки хоб кардан зери "садои сафед" (белый шум) метавонад ба шунавоӣ зарар расонад ва дар оянда хавфи деменсия, яъне заиф гаштани хотира ва коҳиш ёфтани қобилияти зеҳниро ба вуҷуд меорад. Садои сафед - ин овозҳои доимии гуногунфосила мебошанд, ки табиӣ ва сунъӣ мешаванд. Садоҳои табиӣ ба мисли садои вазиши маҳини бод, садои об ва боридани борон ба саломатӣ фоида доранд, вале овозҳои сунъӣ, махсусан садои хеле баланди телевизор, фен ва вентилятор баръакс ба саломатии инсон зарар расонида, боиси кар шудани гӯш ва суст шудани хотира мегарданд.
Таҳқиқотҳо нишон додаанд, ки яке аз сабабҳои асосии деменсия, яъне сустшавии қобилиятҳои зеҳнӣ ва ба фаромӯшхотирӣ гирифтор шудан дар даврони пирӣ маҳз бо овози баланд телевизор гӯш кардан ва зери садои он хобидан мебошад. Меъёри бехатари садо - то 50 детсибел будааст.