Sebiston new 2024 october
Бо пули фиристодаи муҳоҷирон чӣ мешавад?
291

 

Бонки миллии Тоҷикистон огоҳ кардааст, ки бо қарори Бонки марказии Русия иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ аз КИВИ БОНК, ки оператори низоми пардохтии «CONTACT» аст, бозхонд шудааст. Дар робита ба ин фаъолияти низоми мазкур дар тамоми кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Тоҷикистон пурра маҳдуд гардида, пардохт ё бозхонди маблағҳои қаблан интиқолшуда ғайриимкон гардид.

Ба зикри ин ниҳод, ҳоло дар гирифтани маблағҳои тавассути ин низом интиқолгардида ва бозпас гирифтани маблағҳои интиқолшуда мушкилӣ ҷой дорад.
CONTACT аз соли 1999 дар Русия кор мекунад. Он аз ҳудуди 500 нуқтаҳои хизматрасонӣ дар 180 кишвар иборат аст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли гузашта низоми дигари пардохти Русия - «Вестерн Юнион» фаъолияташро дар Тоҷикистон қатъ кард.
Баъди ин, бозхонди иҷозатномаи QIWI-банк ва қатъи фаъолияти CONTACT метавонад барои муҳоҷирони кории Тоҷикистон, ки аз низоми мазкур истифода мебаранд, мушкил эҷод кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД