Дирӯз дар шаҳри Душанбе Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар доираи Форуми ҷавонон дар мавзӯи “Дарёфти роҳҳо ва абзорҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиатҳои миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдориву давлатсозӣ” блогерони маъруфи тоҷикро гирди ҳам овард.
Дар форум блогерон дар бораи тарзи дуруст истифода намудан аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарф заданд.
“Бо назардошти зиёд гардидани аҳамияти шабакаҳои иҷтимоӣ ва нақши истифодабарандагони он дар рушди давлату ҷомеа зарурати зиёд намудани чорабиниҳо ҷиҳати фаҳмонидани истифодаи дуруст ва оқилонаи онҳо ба миён омадааст”, - гуфт Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумита, зимни суханронӣ.
Зикр гардид, ки “дар айни замон, шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо бо мақсади муошират истифода карда мешаванд, балки барои пешбурди тиҷорат, инчунин барои паҳн кардани итгилооти аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим фаъолона истифода мешаванд”.
Дар форум намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанг, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи Телевизион ва радио, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Хадамоти алоқа, АМИТ “Ховар” ва АИ “Азия-Плюс” суханронӣ карданд.
Гуфта шуд, ки ин форум дар доираи дастури Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар кори он 200 блогери ҷавон ширкат доранд.
Форуми мазкур то рӯзи 30-юми апрел идома карда, пас аз Душанбе, ширкаткунандагон ба шаҳру навоҳии Айнӣ, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва Гулистон сафар хоҳанд кард.
Дар идомаи форум бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар рӯзҳои 27-29-уми апрел иштирокчиён бо ширкати зиёда аз 60 блогери ҷавон аз мавзӯъҳои сайёҳиву таърихии минтақа ва дастоварҳои ҳунарҳои мардумӣ боздид мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми ҷавонон бори нахуст аст, ки дар мавзӯи “Дарёфти роҳҳо ва абзорҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиатҳои миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдориву давлатсозӣ” роҳандозӣ мегардад.