Ҳусейн Ҳасанов (Gusein Gadanov), блогери озаритабри муқими Русия, дар саҳифаи инстаграмаш хабар дод, ки ба Тоҷикистон меояд.
Ӯ чанд соат пеш дар саҳифааш муроҷиати видеоӣ карда гуфт, хабари муҳим барои Тоҷикистон дорад.
"Баъди моҳи Рамазон бо даъвати бародарам Исмоил бо ҳамроҳонам ба Тоҷикистон меоем. То вохӯрӣ!"
Ҳусейн Ҳасанов яке аз блогерони муваффақест, ки бо лото-бозиҳои онлайнӣ дар сатҳи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон шуҳрати зиёд дорад. Ӯ чанде пеш дар лотореяи 30 миллион рубла эълон кард, ки онро навраси тоҷик бурд кардааст.